Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ДАР ФАЗОИ РАҚАМӢ: МУҚОВИМАТ БА ТАҲДИДҲОИ ИДЕОЛОГӢ ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МАЪНАВИЮ ФАРҲАНГӢ

31 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи фалсафа ва фанҳои гуманитарии факултети дипломатия ва сиёсат конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ташаккули ҳувияти миллӣ дар фазои рақамӣ: муқовимат ба таҳдидҳои идеологӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангӣ» баргузор гардид. Ҳадафи асосии баргузории чорабинии мазкур баррасии масъалаҳои мубрами марбут ба ташаккули ҳувияти миллӣ дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, муайян намудани роҳҳои муассири муқовимат ба таҳдидҳои идеологӣ ва таҳкими ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб мерафт.

Кори конференсияро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Карамалишоев Карамалишо ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард ва аҳаммияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро дар шароити муосир таъкид намуд. Дар қисми пленарии конференсия доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфулло Муллоҷонов дар мавзуи «Таърих ва унсурҳои ҳувияти тоҷикон» ва номзади илмҳои сиёсӣ, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзуи «Ҳифз ва тақвияти арзишҳои маънавию фарҳангӣ - омили муҳимми муқовимат ба таҳдидҳои идеологӣ дар замони муосир» маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Дар рафти конференсия таъкид гардид, ки ҷаҳони муосир бо суръати бесобиқа ба самти рақамигардонӣ ҳаракат намуда, фазои рақамӣ на танҳо имкониятҳои васеъ фароҳам меорад, балки ҳамзамон як қатор таҳдидҳои идеологӣ ва фарҳангиро низ ба миён мегузорад. Дар чунин шароит масъалаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангӣ аҳаммияти махсус касб менамояд. Зикр карда шуд, ки ҳувияти миллӣ ҳамчун пояи асосии худшиносӣ, ягонагӣ ва пойдории давлат, маҷмӯи арзишҳо, забон, таърих, фарҳанг ва анъанаҳоро дар бар гирифта, заминаи устувори рушди давлатдории миллиро таъмин менамояд. Дар фазои рақамӣ, ки сарҳадҳои анъанавиро коҳиш медиҳад, ҳифзи ин арзишҳо ба вазифаи стратегии ҷомеа табдил ёфтааст.

Иштирокчиёни конференсия инчунин қайд намуданд, ки ҷавонон ҳамчун истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет бештар зери таъсири иттилооти гуногун қарор доранд. Дар баробари иттилооти судманд, паҳншавии ғояҳои бегона, таблиғоти ифротгароӣ, фарҳанги бегонапарастӣ ва беэътиноӣ ба арзишҳои миллӣ метавонад ба заифшавии худшиносии миллӣ таъсири манфӣ расонад. Дар ин замина таъкид гардид, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон зикр карда шуд, ки муқовимат ба таҳдидҳои идеологӣ танҳо бо роҳи маҳдудсозӣ самарабахш набуда, зарур аст муҳтавои рақамии босифат ва мутобиқ ба арзишҳои миллӣ таҳия ва густариш дода шавад. Истеҳсоли барномаҳои таълимӣ, маводи электронии маърифатӣ ва платформаҳои иттилоотӣ бо мазмуни миллӣ метавонад ҳамчун воситаи муҳими таҳкими ҳувияти миллӣ хизмат намояд. Дар ин раванд, ҳамкории зич миёни муассисаҳои илмӣ, сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳияи стратегияҳои муассири ҳифзи фазои иттилоотӣ аҳаммияти калон дорад.

Дар фарҷоми конференсия таъкид гардид, ки ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи умумимиллӣ буда, ҳар як фарди ҷомеа, бахусус зиёиён, бояд дар ин самт саҳми фаъол гузоранд. Иштирокчиён изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаҳо ва пешниҳодҳои ироашуда барои таҳияи тавсияҳои илмӣ ва амалии минбаъда дар самти ҳифзи фазои иттилоотӣ ва рушди ҳувияти миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Конференсия дар фазои созандаи илмӣ баргузор гардида, бо мубоҳисаҳои судманд ва натиҷаҳои назаррас анҷом пазируфт.