Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо барои иштирок дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Авлавияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар низоми хизмати давлатӣ: таҳкими салоҳиятҳои рақамӣ”, бахшида ба татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” даъват менамояд. Конференсия 24-уми апрели соли 2026, соати 10:00 дар толори Шурои олимони Акаденмия баргузор мегардад.
Дар кори Конференсия олимони соҳаи забоншиносӣ, тарҷумашиносӣ ва муҳаққиқоне метавонанд иштирок намоянд, ки ба омӯзиши масъалаҳои конференсия майл доранд.
Самтҳои асосии музокирот: Авлавияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар низоми хизмати давлатӣ: таҳкими салоҳиятҳои касбӣ ва дипломатияи рақамӣ
1. Нақши забонҳои хориҷӣ дар баланд бардоштани салоҳиятҳои касбии хизматчиёни давлатӣ
2. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун омили рушди дипломатияи рақамӣ
3. Таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи тайёр намудани хизматчиёни давлатӣ
4. Масъалаҳо ва мушкилоти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар низоми хизмати давлатӣ
5. Роҳҳои такмили омӯзиши забони русӣ дар хизмати давлатӣ
6. Нақши забони русӣ дар рушди дипломатияи рақамӣ
7. Забони русӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани салоҳиятҳои касбӣ
8. Сиёсати кадрӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзиши забони русӣ
Иштироки бевосита ва ё ғоибона дар кори Конференсия имконпазир аст.
Даъвати иштирокчиён баъд аз қабули дархост ва баррасии фишурда (тезис) ё мақола ба роҳ монда мешавад.
Забони кори конференсия – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Барои иштирок дар кори Конференсия то 17 апрели соли 2026 шакли электронии фишурда (тезис) ва мақола қабул карда мешавад.
Баъд аз анҷоми кори конференсия омода намудани маҷмуаи маводи он ба нақша гирифта шудааст.
Оид ба дигар масъалаҳои вобаста ба кори конференсия тавассути телефонҳои (+992-372) 907854411 ва почтаи электронии takhmina414@gmail.com маълумот гирифта метавонед.
Иштироки Шуморо дар кори конференсия таманно дорем!


