Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

“НАВРӮЗ – ҶАШНИ НИЁГОНИ МО”

Таҳти ин унвон, дар китобхонаи илмӣ- электронии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади адабӣ-бадеӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади мазкур, бо мақсади тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, инчунин, муаррифии ҷойгоҳи ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии умумибашарӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки он дар замони муосир низ аҳаммияти хосаи маънавию иҷтимоӣ дорад.

Иштирокдорон зимни баромади худ доир ба аҳаммияти таърихӣ ва фарҳангии Наврӯз, нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа андешаҳои пурмуҳтаво баён намуданд. Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки нақши китобхонаҳо дар густариши маърифат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ назаррас мебошад.

Дар идомаи ҷамъомад, иштирокчиён бо маърӯзаҳои илмӣ ва бадеӣ баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни ҷашни Наврӯзро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, Ализода Б.П. - д.и.т., сарходими илмӣ, профессори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, дар мавзӯи “Наврӯз ҷашни миллӣ ва байналмилалӣ” баромад намуда, мақоми Наврӯзро ҳамчун ҷашни эътирофшудаи ҷаҳонӣ ва нақши он дар таҳкими робитаҳои фарҳангии халқҳо шарҳу тавзеҳ дод. Дар идома, Шарифзода Ш.Р. - д.и.ф., профессори кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, дар мавзӯи “Бозтоби анъаноти Наврӯзӣ дар адабиёти тоҷик” суханронӣ намуда, инъикоси суннатҳои Наврӯзиро дар осори классикону муосирон бо далелҳои мушаххас тавзеҳ бахшид.

Ҳамзамон, донишҷӯён доир ба мавзуҳои “Эҳёи Наврӯз дар замони Истиқлолият” ва “Наврӯз – оҳанги зиндагии тоза дар табиат” баромад карданд.

Дар қисмати муҳокимавӣ иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, оид ба масъалаҳои баррасишуда табодули афкор анҷом доданд, ки ин раванд ба ғанӣ гардидани муҳтавои маҳфил ва тақвияти фазои илмӣ-адабӣ мусоидат намуд.