Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

“МАКТАБИ МОДАРОНИ ОЯНДА”

Таҳти чунин унвон, дар дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба иҷрои Нақшаи намунавии баргузории аксияи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон”, барои донишҷӯдухтарон вохӯрӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ кормандони Маркази саломатии шаҳрии №8-и шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба донишҷӯён оид ба масъалаҳои муҳимми ҳифзи саломатии занон, нигоҳдории саломатии репродуктивӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, тарзи ҳаёти солим ва омодагии духтарон ба ҳаёти оилавӣ маълумоти муфид пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти суҳбат ба иштирокчиён тавсияҳои зарурӣ дода шуда, онҳо имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро ба мутахассисон пешниҳод намуда, ҷавобҳои муфассал гиранд.

Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва иҷтимоии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ташаккули насли солим аҳаммияти муҳим дорад.