Таҳти чунин унвон, имрӯз, 8-уми апрели соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мулоқоту вохӯриҳои судманд миёни донишҷӯён баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Даминов Неъматулло – намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипова Мавзуна, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ , мудири бахши кор бо ҷавонони Академия Ятимзода Беҳрӯз Ятим ва устодону донишҷӯёни Академия иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили терроризму экстремизм, омӯзиши ғайриқонунии таълимоти динӣ, нашъамандӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти вохӯрӣ, таъкид гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи пешгирии ифротгароӣ ва таъмини амнияти миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Қабули қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, мубориза бо экстремизм ва терроризм далели равшани сиёсати пайгирона ва дурбинонаи давлат дар ин самт мебошад.
Гуфта шуд, ки татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ҳиси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар миёни насли ҷавон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад, зеро ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи давлату миллат аз сатҳи дониш, маърифат, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии онҳо вобастагии калон дорад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар самти татбиқи ин ҳадафҳо нақшаи муштараки баргузории силсилаи вохӯриҳои намояндагони сохторҳои дахлдор бо омӯзгорону донишҷӯёни Академия роҳандозӣ гардидааст, ки ба таҳкими ҳиси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид карда шуд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии онҳо вазифаи умумии тамоми ҷомеа буда, ҳамкории оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа дар ин самт аҳаммияти ҳалкунанда дорад. Инчунин, аз ҷониби донишҷӯён доир ба мавзӯи болозикр, саволҳо пешниҳод гардид, ки аз ҷониби баромадкунандагон ба саволҳои донишҷӯён посухҳои мушаххас дода шуд.


