Имрӯз, 9-уми апрели соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва омӯзгоорону кормандон тамошои дастаҷамъонаи филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки филми мазкур бо мақсади баланд бардоштани фарҳангӣ миллӣ ва тарбияи ахлоқии насли ҷавону наврас вобаста ба рушди ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ аҳаммиятнок аст.
Муаллифи сенария тавонистааст, ки филмро доир ба ҳаёти як писарбачаи хурдсол бо номи Далер, ки дар яке аз мактаб-интернатҳои кишвар тарбият мегирифт, таҳия намуда, дар он хусусиятҳои инсондӯстӣ, зиракӣ ва дарки баланди худшиносии миллӣ инъикос ёфтааст.
Ба назари бинанда, тамошои чунин филмҳои хусусияти тарбиявидошта, ба ташаккули шахсият ва неруи созандаи насли ҷавон мусоидат хоҳад кард.


