Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи “Сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба соҳаи иҷтимоӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои назаррас анҷом ёфт.

Дар маросими ҷамъбасти курси мазкур ноиби ректори Академия оид ба илм ва инноватсия, н.и.т., дотсент Карамалишоев Карамалишо, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ҳамидзода Шоҳрух иштирок ва суханронӣ карданд.

Ноиби ректори Академия оид ба илм ва инноватсия, н.и.т., дотсент Карамалишоев Карамалишо иброз дошт, ки курси мазкур барои баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни давлатӣ ва таҳкими сиёсати гендерӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Имрӯз бояд талош карда шавад, ки иштироки занон дар идоракунии давлатӣ боз ҳам густариш ёфта, онҳо дар қабули қарорҳои муҳим саҳми бештар гузоранд.

Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ аз ҷумла баён дошт, ки баргузории чунин курсҳо ба такмили донишҳои касбӣ, баланд бардоштани малакаҳои идоракунӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ба талаботи замони муосир мусоидат менамояд. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки рушди неруи кадрӣ, бахусус аз ҳисоби занони болаёқат, яке аз омилҳои муҳимми пешрафти идоракунии давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина зимни баромад зикр кард, ки дастгирии давлатии занон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар мебошад. Ӯ афзуд, ки истифодаи самараноки иқтидори занон дар ҳамаи соҳаҳо ба рушди устувори ҷомеа мусоидат мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки дар анҷоми курс мизи мудаввар баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат баррасӣ шуданд.

Пас аз ҷамъбасти курс ва санҷиши дониш, ба шунавандагон гувоҳномаҳо супорида шуда, онҳо омодагии худро барои истифодаи донишҳои андӯхта дар фаъолияти хизматӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди сиёсати гендерӣ изҳор намуданд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар рафти курси мазкур иштирокдорон дониш ва малакаҳои худро вобаста ба татбиқи сиёсати гендерӣ, рушди неруи кадрии занон ва такмили идоракунӣ тақвият бахшиданд.