Имрӯз, 13 апрели соли 2026, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша-ҷадвали таълимии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони сохторҳои танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курси такмили ихтисос оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия Карамалишоев Карамалишо Нуралишоевич, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ ва муовини раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Фарухулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳои худ баромадкунандагон таъкид намуданд, ки сиёсати давлатӣ дар самти танзими ҷашну маросим яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии зиёдаравӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ равона гардидааст. Қайд карда шуд, ки татбиқи самараноки қонунгузории амалкунанда дар ин самт, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим», барои таъмини рушди устувори ҷомеа ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар шароити муосир баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии кормандони сохторҳои марбута, такмили таҷрибаи амалӣ ва мубодилаи афкор байни мутахассисон омили муҳими пешбурди фаъолияти самаранок дар самти танзими ҷашну маросим ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, баргузории чунин курсҳои такмили ихтисос имконият фароҳам меорад, ки хизматчиёни давлатӣ бо навгониҳои қонунгузорӣ ва таҷрибаи пешқадам шинос гардида, сатҳи касбии худро боз ҳам баланд бардоранд.
Курс то 18 апрели соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.


