Аз ҷониби садорати факултети идоракунии давлатӣ бо мақсади иҷрои қарори дахлдори раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимпиадаи фаннӣ дар байни донишҷӯёни курсҳои якум ва чорум доир гардид.
Тибқи маълумоти садорати факултет, олимпиада аз фанҳои математика, физика, биология-экология, географияи иқтисодии Тоҷикистон, забон ва адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик, ҳуқуқ, педагогикаи умумӣ, забонҳои русию англисӣ, сиёсатшиносӣ ва назарияи иқтисодӣ баргузор карда шудааст. Дар олимпиада, зиёда аз 200 нафар донишҷӯён иштирок намуданд ва 45 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, аз тарафи садорати факултет бо дипломҳои дараҷаи I, II ва III сарфароз гардонида шуданд.