Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ИШТИРОКИ КОРМАНДИ АКАДЕМИЯ ДАР ФОРУМИ IV РОҲБАРОНИ ҶАВОН "РОССИЯ - МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ"

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Мо умед дорем, ки ҷавонони мо ҳамчун табақаи аз ҳама фаъоли ҷомеа ташаббусҳои созандаро амалӣ менамоянд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат меварзанд”.

Дар робита ба ин, мутахассиси пешбари раёсати робитаҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамова Ҷ.С. дар Форуми IV роҳбарони ҷавон «Россия - минтақаи Осиёи Марказӣ», ки рӯзҳои 20-23 ноябри соли 2024 дар шаҳри Омски Федератсияи Россия баргузор гардид, фаъолона иштирок намуд.

Ҳадафи Форум муттаҳид намудани ҷомеаҳои ҷавонон, мубодилаи таҷриба ва дониш, инчунин рушди ҳамкорӣ байни минтақаҳо буда, дар он роҳбарони ҷавон, муҳаққиқон, олимон ва мутахассисон аз Россия ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.

Дар доираи форум иштирокчиён як қатор масъалаҳои мубрами ҳамкории ҷавононро байни Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ намуда, лоиҳаҳои тадқиқотиро дар самтҳои: сиёсатшиносӣ, сиёсати ҷавонон, фарҳанг, таърих ва иқтисодиёт омода намуданд.

Илова бар ин, Рустамова Ҷ.С. лоиҳаи тадқиқотиро дар самти ҳамкории ҷавонон таҳия намуда, аз ҷониби коршиносони Форум баҳои баланд гирифт, ки дар рушди ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии ташаббусҳои ҷавонон оид ба амиқ кардани ҳамдигарфаҳмии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия саҳми назаррас гузошта метавонад.