Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД БО РОҲБАРИЯТИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 ноябри соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ректори Академия н.и.п., дотсент Сафарзода Даврон Ҷурахон бо муовини роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) хонум Эри Двиведи баргузор гардид.

Боиси тазаккур аст, ки тибқи супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17 декабри соли 2021 Созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ба имзо расонида шуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои муҳим дар самти ҳамкориҳои илмӣ-омӯзишӣ ва амалисозии барномаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо таваҷҷуҳи махсусро ба натиҷаҳои ҳамкориҳои амалишуда ва нақшаҳои оянда барои соли 2025 равона карданд.

Зимнан ёдоварӣ мебояд, ки дар натиҷаи ҳамкориҳо бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Академияи идоракунии давлатӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, аз ҷумла таъсиси Маркази ҳуқуқҳои кӯдак, ки бо таҷҳизоти замонавӣ ва шароити мувофиқ барои омӯзиш ва тадқиқот таъмин шудааст, таҳияи модулҳои таълимӣ дар мавзуъҳои зӯроварӣ нисбати кӯдакон, пешгирии меҳнати кӯдакон ва ҳифзи кӯдакони осебпазир, баргузории тренингҳо ва курсҳои такмили ихтисос барои котибон ва аъзоёни Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва хизматчиёни давлатӣ. Бояд зикр кард, ки ташкили чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва маҳфилҳои илмӣ бо ҷалби коршиносони маҳаллӣ ва байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои асосии ҳамкориҳои мазкур ба шумор меравад.

Инчунин, ҳайати Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) аз Маркази ҳуқуқҳои кӯдаки Академия дидан намуда, аз рафти фаъолияти он аз наздик шиносоӣ пайдо кард.