Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ “ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар ин замина бо мақсади иштироки фаъолонаи кормандону донишҷӯён дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию ноҳиявӣ шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст.

Ҳамин тавр, дар даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!" омӯзгорон ва магистрантону донишҷӯён Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Тавре муовини сардори раёсати илм ва инноватсияи Академия Пайрав Иззатулозода иттилоъ дод, Садиров Кароматулло - магистранти курси 2 - юми ихтисоси идораи давлатӣ, сазовори ҷойи якум, Буриев Фаридун - донишҷӯи курси 2-и ихтисоси менеҷменти сиёсӣ, ҷойи дуюм ва Искандаров Юсуфҷон - донишҷӯи курси 1-и ихтисоси идораи ҳайати кадрӣ, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар номинатсия байни калонсолон омӯзгорони Академия Маликшоева Шоҳбегим - сазовори ҷойи якум, Шарифзода Шарифҷон - ҷойи дуюм ва Муминов Мустақим сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд. Ҳамчунин, дар номинатсияи "Иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахт" Норимзода Сабина Зафарҷон - донишҷӯи курси 1-и ихтисоси идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Бинобар ин, раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ҷиҳати сазовор гардиданашон ба ҷойҳои намоён барору муваффақиятҳоро таманно менамояд.