Рушди иқтисоди миллӣ – кафили пешрафти мамлакат

IMG_8990

Дар шароити ҳассоси  замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани  сатҳу сифати  зиндагии мардум  тавассути  амалӣ  кардани ислоҳоти  низоми  идораи давлатӣ мебошад

                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

Асоси фаъолияти иқтисодчиён дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  пеш аз ҳама барои баланд бардоштани некӯаҳолӣ ва сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Имрӯз боиси хушнудист, ки зери таваҷҷуҳи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои  муҳими иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳмгузор буда, дар таъмини  рушду устувори иқтисодӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум ширкат меварзанд. Маҳз ба ин хотир 2 августи соли 2011 бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳар сол 8-уми апрел Рӯзи иқтисодчиён дар кишвар мутантан таҷлил мегардад.

       Бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети идоракунии давлатӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди иқтисодиёти миллӣ-кафили пешрафти мамлакат” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур декани факултети идоракунии давлатӣ Соибов Зайниддин, муовини декан оид ба таълим Сатторов Эраҷ, муовини декан оид ба илм Раҳимов Фарҳод, мудири кафедраи идоракунии молияи давлатӣ Шамсуллозода Шукрулло, мудири кафедраи таҳлили иқтисод ва омор Шарифов Хайрулло, инчунин устодону донишҷӯёни факултети идоракунии давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Сухани ифтитоҳиро декани факултети идоракунии давлатӣ Соибов Зайниддин оғоз намуда, алоқамандони соҳаро бо рӯзи идашон самимона шодбош гуфт. Аз ҷумла иброз дошт, маҳз хизмату талошҳои шабонарӯзии иқтисодчиёни кишвар мебошад, ки сол то сол соҳаи иқтисод дар кишвар тақвият ёфта, ин соҳа ҳар сол дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун соҳаи калидӣ ироа мегардад. Дар ҷараёни чорабинӣ мудирони кафедра, омӯзгорон ва иқтисоддонони муассиса суханронӣ карданд. Ҳамчунин, аз ҷониби донишҷӯён Муродқулов Рақиб, Авғонов Худойдод ва дигар донишҷӯён вобаста ба мавзӯъ маърӯзаҳо ироа гардид.

         Дар қисмати муҳокимаронӣ андешаҳои мутахассисони соҳа Хӯҷақулов Ниёз, Мирзоева Меҳрбону доир ба масъалаҳои мухталифи ин соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

        Дар охири чорабинӣ ба мутахассисони соҳаи иқтисод ва донишҷӯёни фаъол аз ҷониби садорати факултет ва кафедраи идоракунии молияи давлатӣ ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Маҳмадова Насиба, Авғонов Худойдод, “Сарвар ва миллат”

Аксҳо

Похожие записи