Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ дар рушду ободии шаҳри Душанбе саҳмгузоранд

IMG_9592

Устодон, кормандону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ва ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт шанбегӣ доир намуда, саҳни бинои таълимии Академия, ҳамчунин, аз гардиши роҳи кӯчаи Саид Носир то охири бинои нави Академия (кӯчаи Л.Толстой) назди Маркази савдои «Рӯдакӣ-Плаза», бехи дарахтонро нарм карда, гирду атроф, пайроҳаҳои одамгузарро рубу чин, ҷойҳои обгузари сари роҳ аз партовҳо, чароғҳо ва чароғакҳои атрофро тоза карда, дар корҳои ободониву бунёдкории шаҳр фаъолона иштирок доранд.

Шанбегӣ барои ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода гардонидани гирду атрофи бинои таълимию кӯчаи марказӣ бо иштироки зиёда аз 300 нафар устодон, донишҷӯёну кормандон сурат гирифт.
Дар баробари устодону кормандон, ҳамзамон масъулини шуъбаи хоҷагӣ дар дохили биноҳои таълимӣ ва хобгоҳ корҳои тозагиву ободониро ба анҷом расониданд.

Ҳамазамон қайд менамоем, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди муассисаи таълимӣ ва дар сатҳи баланди ташкили гузаронидани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ минбаъд низ аз ҳисоби устодон, кормандону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегиҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Ҳадаф аз баргузор намудани чунин шанбегиҳо аз як тараф сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи пойтахт ва ҳифзи муҳити зист бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби тарбияи ватандӯстӣ ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба Ватану меҳан арзёбӣ мегардад.

Аксҳо

Похожие записи