ТАБРИКОТИ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Кормандон, устодон, магистрантону донишҷўёни азиз

IMG_3630

Боиси сарфарозист, ки имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахти ҷумҳурии азизамон — шаҳри Душанбе қарор дорем. Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дорад.

Мусаллам аст, ки Душанбе хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон буда, бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ҷавони шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сифати яке аз шаҳрҳои зеботарини рӯи дунё шинохта шудааст.

     Мақоми конститутсионии пойтахт — шаҳри Душанбе ҳамчун унсури таркибии асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 4 Конститутсия собит гардида, он ифодакунандаи иродаи халқи шарифи Тоҷикистони азизамон аст, ки тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Дар заминаи ин меъёри конститутсионӣ  аз ҷониби мақоми олии қонунгузор Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми  пойтахти   Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 2 январи соли 2018, №1494, қабул гардид, ки он шартҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанберо ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. 

 Шаҳри Душанбе маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо карда, имрӯз онро ҷаҳониён ҳамчун Шаҳри сулҳ ном мебаранд.

Дастоварду пешравиҳои намоёни шаҳрро дар таҳкими арзишҳои сулҳ, башардӯстиву таҳаммулгароӣ ва ҳамбастагӣ дар ҳаёти ҳамарӯзаи мамлакат ба инобат гирифта, ҳанӯз 4 августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО Душанбе ҷоизаи аввалини “Шаҳри ҷаҳон”-и минтақаи Осиё ва давлатҳои ҳавзаи уқёнуси Оромро сазовор гардида буд, ки ин барои ҳар як фарди тоҷик мояи ифтихору шараф аст. Боиси фараҳмандии ҳар як сокини пойтахт аст, ки шаҳри Душанбе дар миёни кишварҳои Озарбойҷон, Туркия, Покистон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, ки аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, “Пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2020 — 2021” эълон гардидааст.

Имрӯзҳо шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд. Илова бар ин, соли 2018 бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд. Зимнан, шаҳри Душанбе дар қатори даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф гардид, ки барои рушду такомули соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Мояи сарфарозист, ки 28 сентяб­ри соли 2019 дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод гардид, ки соли 2021 ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон – шаҳри Душанбе мақоми шаҳри фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода шавад ва он аз ҷониби сарони давлатҳо якдилона пазируфта шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра шаҳри Душанбе мизбони якчанд чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилаливу минтақавӣ гардид. Ҳамчунин Душанбе бо ташаббусҳои наҷибонаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо як қатор пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузурги Осиё ва Аврупо муносибати хуби ҳамкорӣ дорад ва дар ин росто бо 18 шаҳри хориҷи дуру наздик бародаршаҳр мебошад.

Маҳз чунин иқдомҳои бунёдкоронаю созандагӣ аз шахсияти арзандаву ташаббускор будани шаҳрдори ҷавон муҳтарам Рустами Эмомалӣ далолат мекунад, ки ҳамакнун ин шахсияти муваффақ аз мактаби бузурги сиёсат ва давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашта, суннати давлатдориву ватандории миллиро сарбаландона идомат хоҳад дод.

Бо мақсади пешрафти соҳаҳои мухталифи пойтахт, аз ҷумла доир ба беҳбуд бахшидани ҳолати инфрасохтор, меъморӣ, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ, бунёди истгоҳҳои замонавӣ, таъминот бо воситаҳои нақлиёти муосири ҷамъиятӣ, таҷдиду барқарорсозӣ ва иваз намудани хатҳои интиқоли нерӯи барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиш ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва ороиши замонавии онҳо то имрӯз корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.

Имрӯз шаҳри сулҳ — Душанбе ба унвони амнтарин ва зеботарин шаҳр миёни пойтахтҳои Осиёи Миёна ба ҷаҳониён муаррифӣ гардидааст. Дар баробари ин намояндагони кишварҳои дунё аз Осиёву Аврупо, Амрикову Африқо бо назофату тозагӣ, ободӣ, беҳдошту гулкории пойтахт шинос гардида, лаб ба ситоишу аҳсант мекушоянд ва воқеан, Душанбе — пойтахти кишварамон, рӯз то рӯз ободу сарсабз ва шукуфову гулпӯш ва тару тозаву муаттар мешавад.

Насли ҷавон, аз ҷумла донишҷӯёнро зарур аст, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳое, ки Ҳукумати мамлакат ва шаҳрдори Душанбе муҳайё кардааст, пеш аз ҳама, бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, одобу ахлоқи ҳамидаи шаҳрнишиниро риоя намоянд, яъне намунаи ибрати ҳамсолони худ бошанд ва ҳамчун шахсиятҳои донишманду босавод, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ободгар ба воя расанд.

Итминон дорам, ки сокинони сарбаланду ватандӯсти шаҳри Душанбе, аз ҷумла, Шумо устодон, донишҷӯён ва магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ ва хизмати содиқона барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти азизамон саъю кӯшиши худро дареғ намедоред. Зеро бо дастгирӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-сентябри соли 2019 дар дили пойтахти азизамон шаҳри Душанбе бинои наву замонавии Академия иборат аз 12 ошёнаи ба истифода дода шуд, ки мо дар он бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ сарбаландона кору фаъолият дорем.

Бори дигар, Рӯзи пойтахтро ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони ба ору номуси шаҳри Душанбе таҳният гуфта, ба хонадонатон сулҳу оромӣ, хушбахтиву хушрӯзӣ, файзу баракат ва барору муваффақият таманно менамоям.

Рӯзи пойтахт муборак!

Аксҳо

Похожие записи