Мирзораҳимов Муродалӣ Ҳасанбоевич
Мудири кафедра
Тел: +992 985-61-30-61
Кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар асоси сохтори нави Академия таъсис дода шуд. Кафедраи мазкур яке аз марказҳои муҳими илмию таълимӣ дар сохтори Академия буда, кулли фаъолияти он тибқи бунёди илми табиатшиносӣ ва риёзӣ сурат мегирад ва ҳалли мушкилоти зиёдеро ба зимма дорад.
Фаъолияти асосии кафедра тарбияи кадрҳои баланд ихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ рўи мавзўи бунёдии «Илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва варзиш дар рушди фанновариҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим» мақолаю дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ таҳия ва таълиф мегардад. Вобаста ба равияи кафедра ва масъалаҳои муҳими дархўрди ҷомеаи демократӣ мизи мудаввар ва семинару конфронсҳои илмӣ сурат мегирад. Кафедра нафақат бо фаъолияти илмӣ инчунин бо таълимӣ низ машғул мебошанд.
Ҳоло кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ нақшаҳои зиёд дорад ва дар ин самт фаъолияти густурда анҷом медиҳад.
Фаъолияти ҳайати устодони кафедра оид ба дониш, маҳорат ва малакаҳои касбӣ дар доираи фаъолияти муносибатҳои байналмилалӣ ва идоракунии давлатӣ амалӣ мегардад.
Ҳадафи кафедра таҳияи технологияҳои махсуси таълим, сохтори муайяни таъминоти методии тамоми раванди таълим буда, барои тайёр кардани мутахассисоне ҷаҳд мекунад, ки бо донишу малакаҳои зарурии соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мусаллаҳ буда, технологияҳои муосири идоракуниро хуб донанд. Инчунин дорои сатҳи баланди фарҳангӣ, малакаи коркард ва қабули қарорҳое, ки фаъолияти самараноки мақомотро таъмин месозад, мусоидат намудан ба рушди кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини раванди таълим бо барномаҳои касбӣ мансуб дониста мешавад.
Вазифаҳои асосии кафедра:
- Дар донишҷўён ташаккул додани маҳоратҳои касбӣ, масъулятнокӣ, ҷаҳонбинӣ, мантиқӣ, математикӣ, ҳуввияти миллӣ, ташаккули фарҳанги муосир ва омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт ва хизмати давлатӣ дар ҳама зинаҳои идоракунӣ.
- Коркарди барномаҳои таълимии мувофиқ ба самтҳои идоракунии давлатӣ, таъмини усулҳои инноватсионӣ, сифати баланд дар ҷараёни таълим бо назардошти дастовардҳои муосири илмӣ ва амалӣ.
- Таҳлили мониторинги системаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои ошкор намудани проблемаҳои соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ,риёзӣ ва идоракунии давлатӣ дар ҷумҳурӣ ва ташаккули дурнамои таҳқиқоти илмӣ-амалии он.
- Фаъолияти таълимӣ, илмӣ – методӣ ва илмӣ бо мақсади тайёркунии касбӣ, масъалаҳои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва варзиш дар шароити ҷомеаи муосири тоҷикистон мебошад.
Фанҳои таълимии кафедра:
- Математикаи олӣ
- Консепсияи табиатшиносии муосир
- Географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография
- Тарбияи ҷисмонӣ
- Экология
- Мудофияи шаҳрвандӣ.
Кафедра вазифаи худро аз он иборат медонад, ки мутахассисони ҷавонро то ба дараҷаи инсони бомаърифати қодир ба ҷаҳонфаҳмию ҷаҳондарккунии мустақилона дар шароити ҷаҳонишавии замони муосир бирасонад. Аз ҳамин нигоҳ, кафедра барои мунтаззам васеъ гардонидани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон, рушд додани тафаккури мантиқӣ – назариявӣ ва баланд бардоштани сатҳи мантиқии онҳо мекўшад.
Дар курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисос дар доираи касби худ устодони кафедра оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ лексияҳо мехонанд.
Тазаккур бояд дод, ки кафедра ҷавонони болаёқат ва дорои унвонҳои илмиро даъват ба кор дорад. Дар оянда базаи илмии кафедраро аз рўи мутахассисони арзандаи соҳаи илмҳои табиатшиносӣ,дақиқ ва риёзӣ пурра намояд.
Ҳоло кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ нақшаҳои зиёд дорад ва дар ин самт фаъолияти густурда анҷом медиҳад.