Курси “Зан — сарвар” дар ВМКБ

изображение_viber_2020-09-14_21-13-56

Бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони “Зан – сарвар”, дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.

Дар курси мазкур Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Олимшо  Меҳрӣ – мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, Аюбӣ Бибиосия – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Ректори Академия чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, дар он занону духтарони то 40 сола, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд.

Таъкид гашт, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” марҳила ба марҳила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.

Олимшо Меҳрӣ иброз намуд, ки ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда инчунин, беҳтар намудани шароити кору фаъолияти онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шаклҳои муайяни беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст. Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, мақомоти қонунгузори кишвар то ба имрӯз як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Дар курси мазкур 26 нафар занону духтарон аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҷалб гардидаанд, ки 3 давра таҳсил намуда, дар анҷоми курс шунавандагон аз рӯи барномаи “Зан — сарвар” соҳиби диплом мегарданд, ки дар болоравии мансабии онҳо нақши муҳим хоҳад бозид.

Мавриди зикри хос аст, ки курси “Омӯзиши дуалӣ барои хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон” дар вилояти Суғду Хатлон ҷамъбаст гардида, дар он 54 нафар занон соҳиби диплом гардиданд.              Ҳадаф аз баргузории курсҳо мусоидат намудан ба азхуднамудани донишҳои зарурӣ оид ба тарзу усулҳои нави идоракунии давлатӣ ва таъмини баробарии гендерӣ мебошад.

 

Раҳаматулло КАРИМОВ, сармуҳаррири рӯзномаи “Сарвар ва миллат”- и Академияии идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аксҳо