Ҳамоиши “Созандагони Ватан”

IMG_9798

ҲамоишиСозандагони Ватан

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Қувватзода Сайдулло — сардори Раёсати корҳои тарбиявии Академия, Ҳомидзода Насимҷон — Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе, Шарипова Лайло — мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раҳмонов Ҷасур — роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронї намуданд.

Нахуст Раҳмонов Ҷасур — роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҷлисро ифтитоҳ бахшида, сипас тибқи рӯзномаи маҷлис намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо ҷонибдории иштирокчиён Қувватзода Сайдулло — роҳбари намояндагӣ ва муовинон низ интихоб карда шуданд.
Ҳомидзода Насимҷон — роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе баромад намуда, оид ба мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Раиси муаззами ЊХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ин мактаби сиёсиро бузургтарин мактаби давлатдорӣ барои бунёд ва рушди давлатдории миллї дар заминаи тамоми арзишҳо донист. Инчунин доир ба муҳимтарин нуқтаҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф, ҷавонон, занон ва варзиш суханронӣ намуд.

Қувватзода С. — роҳбари тозаинтихоби намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Академия баромад намуда, зикр намуд, ки дар воқеъ Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири рушди тамоми соҳаҳои кишварро фарро гирифта, бо интихоби  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7-соли ояндаи кишварро сарсабзу хуррам ва дурахшон мегардонем.

Дар идома аз ҷониби Мазбутов Немат — аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳороти Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳошияи маъракаи муҳими сиёсӣ — Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Сипас, аъзоёни “Созандагони Ватан”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади арзандаи ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ намудаанд.

Аксҳо