АИДНПҶТ. Ободонию хурамгардонӣ мароми мост!

IMG_1335

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён шанбегӣ баргузор гардид.

Дар он устодону кормандону донишҷӯён фаъолона иштирок карда, гирду атроф ва саҳни бинои таълимии Академияро аз ҳар гуна партовҳо тозаву озода карда, инчунин гирди дарахтони сояафкани ҳамешасабзро нарму мулоим намудаанд.

Ҳамзамон, роҳравҳо саҳни бинои таълмию хобгоҳ аз алафҳои бегона, майсазорҳо ва партовҳои маишӣ тоза карда шуданд, ки ба ҳусни Академия зебогии дигарро зам нумуд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамарӯза бо ташаббуси роҳбарияти Академия ҷиҳати пешгири аз бемории сирояти Covid-19 дохил ва беруни бинои таълимӣ ва хобгоҳ баъди анҷоми дарсҳо бо маводҳои антисептики ва гиплохлориди натрӣ безарар гардонида мешавад.

 

 

Аҳли коллективи меҳнатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободонию хуррамгардонӣ ва ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахти азизамон  ҳамарӯза саъю кӯшиш менамоянд, то дар ободонию хурамгардонии Ватани биҳиштосоямон саҳмгузор бошанд.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди муассисаи таълимӣ  то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди Академия шанбегиҳо мунтазам роҳандозӣ карда мешаванд.

Мақсад аз баргузории шанбегии мазкур саҳм гузоштан дар раванди ободонӣ ва хуррамгардонии пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе мебошад.

 

Аксҳо