“РОҲИ САФЕД ИҚБОЛИ БАЛАНД…”

IMG_2671

Дар АИДНПҶТ маросими супоридани дипломҳои аъло ва тақсимоти хатмкунандагон баргузор гардид

 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва магистратура, инчунин озмуни тақсимоти хатмкунандагони Академия дар соли таҳсили 2019-2020 баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, узви Комиссия марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират, намояндагони аз МИҲД шаҳри Душанбе, Вазорати молия, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Агентии тоҷикстандарт, МИҲД шаҳри Ваҳдат, МИҲД ноҳияи И. Сомонӣ, МИҲД ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин дигар меҳмонону устодон ва кормандону хатмкунандагон иштирок намуданд.

 

Ректори Академия нахуст ҳамаи хатмкунандагонро табрик намуда, иброз доштанд, ки бинобар сабаб бемории COVID-19 хатми имсолаи мо ба имрӯз рост омад. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз як рӯзи хурсандибахш ва як рӯзи фаромушнашаванда аст: “Пайравони асили Пешвои миллат — дастпарварони ин боргоҳи маърифат нафароне ҳастанд, ки садоқату самимият, эҳтиром ба Ватан — Модар ва пеш аз ҳама ба муассиси Академия Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд. Шумо аввалин нафароне мебошед, ки дипломи Академияро мегиред. Аз ин рӯ шуморо мебояд, бо донишҳои андӯхтаатон аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошед, ташаббусҳои созанда нишон диҳед, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоед, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ватани маҳбубамон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кунед ва ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат ба халқу Ватан содиқона хизмат намоед.

 

Хидирзода Махфират — қайд намуданд, ки: “Ман ҳамаи онҳое, ки нахустинмаротиба дипломи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегиранд ва ҳама он волидонеро, ки имрӯз дар шодии фарзандонашон шариканд ва ҳамчунин ҳамаи онҳое, ки имрӯз шоҳиди ин чорабинии муҳим ҳастанд, самимона шодбош мегӯям. Воқеан ҳам, ба ин рӯз бояд шукргузорӣ намуд. Чун мо имрӯз дар як фазои обод, озод, ором ба ҳама орзуву хостаҳои хеш мерасем”.

 

Баъди суханрониҳо маросими супоридани дипломҳои аъло сурат гирифта, ба 7 нафар магистрант ва 25 нафар хатмкунандагони зинаи бакалавриат дипломҳои аъло дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ озмуни тақсимоти хатмкунандагони Академия дар соли таҳсили 2019-2020 баргузор гардида, дар намояндагони кадрҳо аз МИҲД шаҳри Душанбе, Вазорати молия, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Агентии тоҷикстандарт, МИҲД шаҳри Ваҳдат, МИҲД ноҳияи И. Сомонӣ, МИҲД ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуда, хатмкунандагони Академияро барои кор ҷалб намуданд.

 

Ёдовар мешавем, ки дар соли ҷорӣ 500 нафар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатм намудаанд.

 

Дар охир шуъбаи фарҳанг ва истеъдодҳои ҷавони Академия, чун ҳамеша дастагули рангини фарҳангиро, ки фарогири шеъру суруд, рақсу тарона дар васфи Ватан — Модар, ваҳдату якдили ва Истиқлолияти давлатӣ буданд, пешниҳоди ҳозирин гардонидаанд.

 

Аксҳо