ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲИФЗИ АСОЛАТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

0

Пешвои миллат дар баробари эҳё ва ташаккули тамоми самтҳои ҷомеаи мо ба забони мо низ эҳё ва нумӯ бахшид. Ҷавҳари сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамонро дар самти сиёсати давлатӣ оид ба забон, забони давлатӣ ҳамчун омили муҳимтарини ҳастии давлат ва миллат ва, дар ин замина, ташаккули забони давлатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши забони адабӣ ва ҷараёни мукаммалу муназзами риояи қоидаҳои он ба сифати арзиши олии давлатӣ дар истифодаи умум ташкил додааст.

 

Ба муқаддасоти давлатӣ ворид намудани муҳимтарин рукни миллӣ – забони давлатӣ, ки бори нахуст дар таърихи давлатдории мо забони тоҷикӣ аз муқаддасоти давлат дониста шуд.

Дар марҳалаи сифатан нави давлатдории мо, тоҷикон, таълиф ёфтани асари гаронбаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Доҳии муаззами тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Забони миллат-ҳастии миллат” аз як ҷиҳат барои муаррифии забони мо-нишони ҳастии мо хизмати бузургро ба анҷом расонида бошад, аз ҷониби дигар арҷгузорӣ ба забони миллат, ҳалли як қатор масъалаҳои баҳсталаби забоншиносии тоҷик ва бозгӯи қудрату манзалат, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ аз гузашта то ба имрӯз аст. Пешвои миллат гуфтааст, ки “танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”. Аз ин рӯ, бояд донист, ки имрӯз хизмате, ки асари “Забони миллат-ҳастии миллат”-и Пешвои миллат дар густариши забони тоҷикӣ кардааст ва хоҳад кард на камтар аз нақши “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ѓафуров дар шинохти ҳувияти миллии мост. Зеро  асари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ѓафуров дар як марҳилаи муайяни таърихӣ барои шинохти миллати тоҷик нақши бузургро бозида бошад, имрӯз асари “Забони миллат-ҳастии миллат”-и Пешвои миллат ба бисёр нукоти баҳсталаби марбут ба забони тоҷикӣ нукта гузошта, бо далелҳои муътамад масъалаҳои забоншиносии тоҷик илман исбот карда шуда, баъзе ҳадсҳои забоншиносон ва шарқшиносони хориҷӣ, аз ҷумла тахмини В.В.Бартолд “дар бораи дар даврони исломӣ аз шакли пешинаи “таҷик” пайдо шудани шаклҳои баъдии “тозӣ” ва “тозик” рад карда шудаанд. Дар ҳамаи мароҳили таърихӣ шоҳону амирон ва роҳбарони давлат барои густариши забон ва фарҳанг нақши калидӣ бозидаанд ва дар оянда низ ин гуна мавқеъро ишѓол хоҳанд кард. Аз ин рӯ, Пешвои миллат “забонро дар паноҳи давлат ва давлатро дар паноҳи забон” гуфтаанд. Қабл аз ин Пешвои миллат китобе таҳти унвони “Сиёсати давлатӣ дар бораи забон” навишта буданд, ки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамин поя ниҳоят устувор сохта буданд. Яке аз хидматҳои бисёр бузурги Сарвари давлати тоҷикон дар иртибот ба сиёсати давлатии забон ин парвариш додани андешаи ҷомеа ба арзишҳои забонӣ ва иқтидору имконоти воқеии забони тоҷикӣ дар робитаҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дониста мешавад. Танҳо бо огоҳии амиқ аз гузаштаҳои дур ва собиқаи таърихии забони тоҷикӣ ва осори давраҳои таърихии он, ки дар чандин анвои хат ҳамчун намунаи зинда то ба рӯзгори мо расидаанд, метавон аз мақому мартабаи ин забон дар тӯли таърих натиҷагирӣ кард. Поя ва бунёди ҳама тафаккури илмиро дар иртибот ба гузаштаи забон ва осори мардумони ориёӣ, ба вижа таърихи давлатдории тоҷикон ва мақому мартабаи забон дар он даврон то имрӯз андешаҳое ташкил медиҳанд, ки дар се китоби Президенти муҳтарами кишвар таҳти номи “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” ба таври бисёр дақиқ матраҳ ва хулоса шудаанд. Ин ҳама натиҷагириҳо далели чигунагии мақоми забони модарӣ дар давлатдории тоҷикон дар давраҳои гуногуни таърихӣ мебошад. Ба ин далел дар даврони истиқлолияти сиёсӣ ва давлатдории навин низ бо ҳифзи собиқаи таърихӣ ва имконоти рушди дохилӣ забони тоҷикӣ дар мақоми забони миллӣ ё забони давлатӣ тавонистааст дубора мавриди истифода қарор гирад.

Ҳамин сиёсати хирадмандона буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ пазируфта шуда ва он имрӯз ба таври озод дар умури сиёсиву иҷтимоии кишвар мавриди истифода қарор дорад.

Қабули қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ду марҳила дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат сурат гирифт, ки дар таърихи забони мо марҳилаи муҳим ва сифатан навро ба вуҷуд овард. Ҷойи тардид нест, ки дар роҳи омӯзиши забони тоҷикӣ дар мароҳили муайяни таърихӣ “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” нақши созгор доранд ва он бо назардошти бунёди таърихии вожаҳо таҳия ёфта, дар роҳи тозагии асолати забонии мо сарчашмаи боэътимод аст.

Дар баробари хизматҳои таърихии ҳар як имло зарурати иваз намудани онҳо ба миён омада, ҳамвора олимони забоншиноси мо бар он талош кардаанд, ки қоидаҳои мукаммал ва устуворро ҷиҳати омӯзиши забони ноби тоҷикӣ эҷод намоянд.

Дар ин замина, “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, ки 4 октябри соли 2011, №458 бори дувум қабул шуда, зиёда аз 9 сол аст, ки меъёрҳои навишти моро ба танзим дароварда, шакли дурусти навиштро пешбинӣ намуда истодааст.

  1. Таъсиси ниҳоди нави ҳуқуқӣ ва салоҳиятдори самти забони давлатӣ таҳти унвони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хушбахтона то ба имрӯз дар роҳи ҳифз ва асолати забони тоҷикӣ аз ҷониби мақоми мазкур корҳои зиёде ба сомон расонида шуда истодааст.
  2. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” (5 октябри соли 2009), ки муносибатҳои забони давлатиро танзим ва пешбинӣ намуд ва ба забони давлатӣ мустақилият ва мақоми комилан мустақил эҳдо кард.
  3. Ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуданд. Аз ҷумла, тарҷумаи як қатор китобҳои дарсӣ барои тоҷикони бурунмарзӣ бар саботи андешаи мост. Ҳамчунин, суханронӣ бо забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ, ки навъи дигари муаррифии забони мо дар арсаи олам аст.
  4. Ҷудо намудани маблаѓҳои зиёд ҷиҳати нашри асарҳои адибон, ки дар густариши забони давлатӣ нақши бузургро ҳомил аст. Бар саботи андеша, метавон аз нашри “Ахтарони адаб”, ки фарогири 50 ҷилд аст, ёдрас шуд.
  5. Нигоҳ доштани ниҳоди ҳуқуқӣ бо номи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки ҷиҳати тарѓиби забон, ҳифзи асолат ва густариши он мавқеи ин ниҳод ҳамеша бориз ва густурда аст.
  6. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид кардани меъёр нисбат ба даѓалона вайрон намудани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бешак пуштибонии дигари Сарвари давлат аз забони давлатӣ ва ба ин васила густариш додани он аст.
  7. Таҷлили ҳамасолаи иди Рӯзи забони давлатӣ, ки ба воситаи ВАО дар арафаи иди мазкур тарѓиби забондонӣ бештар ба роҳ монда мешавад ва дар тамоми манотиқи кишвар ин рӯзро бо шукӯҳу ҳашамати хоса ҷашн мегиранд.
  8. Табрикоти ҳамасолаи Пешвои миллат ба муносибати иди Рӯзи забони давлатӣ, ки дар ҳар як табрикот ба мақом ва манзалати забон аз диди вежа назар андӯхта, барои густариш ва ҳифзи асолати забон такони қавӣ мебахшад.

Хулоса, бо назардошти  матолиби фавқуззикр мақоми Пешвои миллат дар эҳё, густариш ва ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ниҳоят бузург буда, дар муқоиса бо роҳбарони сиёсӣ ва давлатдорони пешин ягон роҳбар ба ин андоза ба забон диққат надода ва ба ин вазъу шукӯҳ мақоми забонро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он боло набурдааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба ин дастгирӣ ва боварии Президенти мамлакат сазовор бошем ва бо роҳи омӯзиши забони давлатии худ дар баробари забонҳои дигар дар ташаккули забони ноби тоҷикӣ нақши худро гузорем. Барои расидан ба ин ҳадаф омӯзиши пайвастаи қавоиди забон ҳамчун яке аз рукнҳои ташаккули фарҳанги худшиносӣ мутобиқи матлаб аст.

 

Ш.Р.ШАРИПОВ,

мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ

М.Ҷ.КАЛОНОВА,

муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ

 

Аксҳо