КУРСИ ОМӮЗИШИИ «ЗАН-САРВАР» ИФТИТОҲ ГАРДИД

photo_2020-12-16_11-00-21

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» барои мудирони шуъба (бахшҳо), сармутахассисон, мутахассисони пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он курси омӯзишии такмили ихтисос таҳти унвони «Зан- сарвар» ифтитоҳ гардида, то 19 декабри соли 2020 идома меёбад.

 

Курси мазкур дар ҳаҷми 48 соат давоми як ҳафта баргузор шуда, ба шунавандагон олимону коршиносон, мутахассисону омӯзгорони ботаҷриба машғулиятҳо гузаронида мешавад.

Дар курси такмили ихтисос, дар маҷмӯъ 56 нафар занону духтарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷалб карда шудаанд.

Дар маросими расмии ифтитоҳи курси мазкур Мавсума Муинӣ -муовини раиси шаҳри Душанбе, Абдухалил Ғафурзода — Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонзода — раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аюбӣ Бибиосия — муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намудаанд.

 

 

Нахуст, Ректори Академия чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пе
швои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, дар он занону духтароне, ки дар вазорату идораҳои давлатӣ ва шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он кору фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд.

Таъкид шуд, ки ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда инчунин, беҳтар намудани шароити кору фаъолияти онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангию суннатӣ шаклҳои муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст.

Зикр гашт, ки ҳадаф аз баргузории курс ин мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои роҳбарӣ дар идоракунии давлатӣ мебошад.

Мавсума Муинӣ зикр  кард, ки ҳадаф аз ташкилу баргузории курси омӯзишии такмили ихтисос, пеш аз ҳама амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, омода намудани бонувон ба зинаҳои роҳбарӣ дар риштаи хизмати давлатӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули донишу касб ва маҳорату малака, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ дар занону бонувони хизматчии давлатӣ ва пешбурди ғояҳои мухталифи инсондӯстию ватанпарастӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин талқини баробарии гендерӣ ва ниҳоят, мубодилаи таҷриба дар ин соҳа мебошад.

 

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои занон, таҳкими мақому манзалати онҳо дар ҷомеа мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ сиёсати давлатии занонро амалӣ намуда, зимнан баҳри ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон ва рушди оила пайваста силсила асноди меъёрии ҳуқуқиро қабул ва мавриди иҷро қарор медиҳад”, — афзуд М.Муинӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон қариб 30 фоизи кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо занону бонувон ташкил дода, онҳо ба ҳайси хизматчии давлатӣ дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ саҳми намоён мегузоранд.

Дар фарҷоми курс шунавандагон пас аз супоридани санҷиш соҳиби гувоҳнома мегарданд.

Аксҳо