КУМАКҲОИ ПАЙВАСТАИ РОҲБАРИЯТИ АКАДЕМИЯ

1

Дар арафаи иду ҷашнҳо дасти ёрӣ расонидан ба табақаи ниёзманд иқдоми ҷавонмардӣ ва хайрхоҳона ҳисоб ёфта, нишонаи арҷгузорӣ ба сиёсати иҷтимоии давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Дар арафаи Соли нави мелодии 2021 бо дастгирии Роҳбарият ва шарикони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо ташаббуси мардони саховатманди мо ба 100 нафар кормандон, омӯзгорон, магистрон ва ятимону маъюбон ба ҳар кадом 50 кг орд, ҳамчунин, ба Мактаб — интернати ёрирасони №1 шаҳри Кӯлоб ва ба як нафар сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ ва дигар маводҳои зарурӣ кумак расонда шуд.

 

Иқдоми мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири расонидани кумакҳои моддӣ бо ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва нафарони имконияташон маҳдуд роҳандозӣ ва амалӣ гардид.

 

Абдухалил Ғафурзода — Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, зимни тақсимоти халтаҳои орд иброз дошт, ки дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону ниёзмандон, оростани дастархони идонаву супоридани туҳфаҳои гуногун ба онҳо дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо аз иқдомҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Инчунин, бо ташаббуси роҳбарияти Академия дар ин давра 52 нафар корманду устодон барои барқарор намудани саломатиашон ба истироҳатгоҳи “Хоҷа обигарм” сафарбар гардидаанд.

 

Раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минатдории худро ба шахсони саховатпеша, ки дар арафаи Соли нави мелодии 2021 ба ятимону бепарасторон, маъюбону ниёзмандон кумаки навбатии худро расонданд, изҳори сипос менамояд.

 

Похожие записи