КУМАКИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ЁРИРАСОНИ №1-И Ш.КӮЛОБ

photo_2021-02-02_08-41-14

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд: “Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд”.

 

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон, инчунин бо мақсади дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон пайваста ба аёдати бошандагони Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб мераванд.

Мавриди зикр аст, ки  дар Мактаб — интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб 154 нафар буда, аз ҷумла ятимони кул, нимятим, оилаҳои камбизоат ва нафарони аз ҷиҳати равонӣ танқисӣ дошта мебошанд.

Бо дастури роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ устодону кормандон бо роҳбарии Исмоил Абдуалимзода – ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидорӣ, Фаридун Бобозода – раиси иттифоқи касабаи кормандону устодон ба аёдати бошандагони Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб рафта, ба онҳо як миқдор маводҳои хӯрокаву ёрирасон расондаанд.

Зимни аёдат Исмоил Абдулимзода, аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии кишвар дар самти дастгирии ятимону бепарасторон ва камбизоатону барҷомондагон ёдовар шуда, иброз намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи ниёзманд мавқеи меҳварӣ дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ятим, бепарасторон ва камбизоатону барҷомондагон аз лутфу меҳрубонии падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бенасиб намонда, онҳо ҳамеша таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумат қарор доранд.

Дар ин аёдат Раёсати Академия ба Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб ёрии якдафаинаи моддӣ расонида, бо бошандагони мактаб-интернат суҳбат оростанд ва аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд.

Хонандагони мактаб-интернат дар беҳтарин шароит зиндагӣ дошта, бо се вақт хӯрок ва ҷои хоб таъмин мебошанд. Дар баробари ин дар ин мактаб-интернат хонандагон  касбҳои пойафзолдӯзӣ, дуредгарӣ ва  заргарӣ омӯхта,  баъди хатм соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ мегарданд.

Роҳбарияти Академияи идоракунии давлатӣ барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумакҳои моддӣ бо ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва нафарони имконияташон маҳдуд иқдоми мазкурро дар оянда низ роҳандозӣ менамояд.

Похожие записи