САТРҲОИ МИННАТДОРӢ

Чунин ном гузоштани мақолаи мо бесабаб набуда, аз дастовардҳои яке аз фарзандони фарзонаи миллати фарҳангпарвар ва соҳибэҳтиром қисса мекунад. Вақте бори аввал тариқи озмун ба хизмати давлатӣ қабул гардидаву дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳайси мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ба кор шурӯъ намудам, ҳамеша дар дил як орзу доштам, такмили ихтисос намудану аз бозомӯзии хизмати давлатӣ гузаштан. Хушбахтона, баъди чанд соли фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ орзуи ман ҷомаи амал пӯшид.

 

Баъди бо муваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ахиран моҳи январи соли 2021 аз номи директори Агентии хизмати давлатӣ ба номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мактуб ирсол гардид, ки дар он даъват шудани ман ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шунавандаи курси яксолаи магистратураи хизматчиёни давлатӣ дарҷ гардида буд. Орзуи деринаи ман амалӣ гардид.

 

Бояд қайд кард, ки баъди ворид шудан ба бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ боварам намеомад, ки ман донишҷӯи ин даргоҳи бонуфуз гардида бошам. Дар рӯзи аввал мо, шунавандагон, бо роҳбарият, Ректори Академияи мазкур, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, марди серғайрат ва хоксор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ суҳбати хубу самимонае доштем.

 

Бо супориши Ректори Академия мутахассисоне, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ба курси яксола ҷалб гардида буданд, худи ҳамон рӯз ба хобгоҳ дар бинои Академия таъмин шуданд. Ректори Академия муҳтарам Абдухалил Ғафурзода зимни баромади хеш қайд кард, ки шароити таҳсил дар Академия ҷавобгӯи сатҳи ҷаҳонӣ буда, шунавандагонро зарур аст, аз имкониятҳои мавҷуда, устодони соҳибтаҷриба пурсамар истифода намоянд.

 

Воқеан ҳам, таҳсил ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои бевоситаи Сарвари ғамхор ва дурандеши мо мебошад. Аҳсан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини шароит, таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи мазкур.

 

Мавриди зикр аст, ки шароити таҳсил, касбомӯзӣ ва омода намудани хизматчиёни давлатӣ дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои сатҳи ҷаҳонӣ буда, чунин боргоҳи илму маърифат дар қаламрави кишвар ангуштшуморанд. Бо дастури бевоситаи роҳбарияти Академия мо панҷ нафар хизматчиёни давлатӣ, ки аз ноҳияҳои дурдаст ҳастем, бо хобгоҳ таъмин гардидем. Шароити хобгоҳ дар сатҳи олӣ қарор дорад. Дар хобгоҳ барои мо, магистрантон аз яхдон то телевизиору мошинаи либосшӯӣ ва дигар шароитҳои муосир муҳайё мебошад. Шукр бояд кард, сано бояд гуфт ба чунин Сарвари маҳбуби миллат, ки ҳамвора дар фикри ободиву шукуфоии Ватан аст. Роҳбаре, ки барои роҳбарони дигар давлатҳо намунаи ибрат аст. Офаринаш мехонанд, аҳсанаш мегӯянд барои таъмини сулҳу субот ва Истиқлоли комили кишвар. Мо, ҷавонон, хизматчиёни давлатӣ бо пуштибонӣ аз Пешвои миллати худ, саҳми арзандаи хуро дар пешрафту гул-гул шукуфоии ватани азизамон гузошта, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ифтихори Президенти азизамон бошем.

 

Ин ҷо банда мехоҳам, миннатдории хешро ба раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат низ изҳор бидорам, ки ӯ чун пайрави воқеии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ҷавононро дастгирӣ намуда, азму талош менамояд, ки ноҳия дар вилоят ва ҷумҳурӣ аз беҳтаринҳо бошад.

 

Ҷовиди ЗАФАР,

магистранти Академия

Похожие записи