ҶОЙГОҲ ВА МАҚОМИ ЗАН ДАР АВАСТО

Маликшоева Шобегим

Ҷойгоҳ ва мақоми зан дар тамаддунҳои бостонӣ, аз ҷумла, дар тамаддунҳои ҳиндӣ, чинӣ, ориёӣ, мисрӣ, юнонӣ, румӣ ва дигар тамаддунҳои ҷаҳонӣ, ки тавонистаанд таҳаввулоти назаррас ба бор оваранд, хеле бузург аст. Дар аксари тамаддунҳо зан дар мақомҳои изад, шоҳ, малика, маслиҳатдеҳи шоҳ, гоҳе вазир, мутафаккир, олим, шоир, нависанда, сарлашкар, ҷанговар, қаҳрамон, нигаҳбони хона ва кадбону омадааст.

 

 

Ба ҷойгоҳ ва мақому мартабаи зан, модар дар китоби муқаддаси Авасто, ки яке аз қадимтарин ёдгории бостонии ориёиҳо маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.

Вожаи «Авасто» аз пешванди «а» ва сифати «васта» ба маънии шинохтан, донистан гирифта шудааст. Доктор Алиакбар Ҷаъфарӣ бар ин назар аст, ки вожаи Авасто аз пешванди «а» ва «веста» гирифта шуда, он маънии «сухани сарбаста, гавҳари нуҳуфта, рози ниҳонӣ, каломи осмонӣ, рамзи ботинӣ ва болотар аз фаҳми норасои ҷаҳониён» аст.

Зартушт бо фармони шоҳ Виштосп Авасторо, ки аз 1200 боб иборат буд, дар рӯйи тахтачаҳо бо хатти заррин менависад ва онро дар оташкада мемонанд. Дар Динкард омадааст, ки пас аз навиштан бо фармони Виштосп як нусхаи матни Авасто дар Шиз (Ганҷи Шойгон), нусхаи дигар дар «Дижи нипишт» – китобхонаи Истахр ва нусхаҳои боқимондаи он дар китобхонаҳои дигар ва оташкадаҳо ҷой дода шудаанд. Пас аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ юнониҳо як нусхаи онро сӯзонда, нусхаи дигарашро бо худ бурда, ба забони юнонӣ тарҷума намуда, матни асли китобро нобуд мекунанд. Сипас дар замони Ашкониён шоҳ Валахш фармон медиҳад, то сурудҳои Авасторо аз ҳофизаи мӯбадон ҷамъоварӣ намуда, дар шакли китоб мураттаб созанд.

Дар замони Хусрави Парвиз китоби Авасто бо забони паҳлавӣ тарҷумаву тафсир мешавад, ки онро Занд меноманд. Ин китоб аз бисту як бахш иборат будааст, ки то имрӯз танҳо шаш бахши он боқӣ мондааст: «Гоҳон», «Йасна», «Йаштҳо», «Вандидод», «Виспарад», «Хурда-Авасто». Ду нусхаи муътабари ин китоб ҳоло дар китобхонаи шаҳри Копенгагени Дания маҳфуз аст.

Китоби Авасто аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа бой буда, чун қомуси зиндагии халқҳои ориёӣ, дониши андӯхтаи онҳо аз илмҳои гуногун, аз ҷумла, фалсафа, дин, таърих, ҳуқуқ, тиб, ҷуғрофиё, нуҷум, ҳандаса, риёзиёт, забон ва адабиёт дар давраи бостон шинохта шудааст.

Он аз нигоҳи истифодаи санъатҳои бадеӣ ниҳоят бой буда, баъзе порчаҳои он дар вазни ҳиҷоӣ суруда шудаанд, ки онро яке аз сарчашмаҳои пайдоиши насри мусаҷҷаъ, чи дар адабиёти тоҷику форс ва чи дар адабиёти араб метавон ном бурд, ки аз арзиши бузурги адабӣ баҳраманд мебошад. Дар ин китоб номҳои гуногуни мардону занони ориёӣ, номҳои асотирӣ ва таърихии мардумони ориёинажод ёдрас шудаанд. Дар саросари китоб, ҳар ҷое, ки сухан аз номи зан меравад, он ҳамчун поктарини покҳо ва намунаи олии покӣ, ростиву некӯкорӣ ва отифа васф мешавад.

Ба мақоми зани ориёӣ, махсусан, дар давраи Ҳахоманишиҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст. Зеро дар ин давра бо зуҳури дини зардуштӣ ва ба расмият шинохтани он дар рӯзгори занон таҳаввулоти азиме ба миён омад. Албатта, занон пеш аз ин ҳам дар замони давлатдории модҳо соҳиби мартаба ва мақоми махсусе буданд. Аммо дар замони Ҳахоманишиён мақоми занҳо ҳам аз нигоҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳам аз нигоҳи ҳуқуқӣ комилан ҷойгоҳи хосеро касб кард. Онҳо дигар озодона дар миёни мардҳо кору фаъолият мекарданд. Маҳз дар ҳамин давра ҷашне бо номи «Ҷашни Исфандгон» (муждагирон ё муздгирон) барои бузургдошти зан ва замин баргузор мешавад, ки он минбаъд ҳар сол дар рӯзи панҷуми моҳи исфанд ҷашн гирифта мешуд. Моҳи исфанд ба моҳи март баробар мешуд. Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ перомуни ин ид навиштааст: «Сипандармазрӯз дар «Исфанднома» ид аст ва ба иллати татобуқи номи рӯз ва моҳ ин рӯз ба «иди занон» ва ё мардгирон (маздгирон) маъруф аст ва то рӯзгори Абӯрайҳон дар Исфаҳону Рай ба ҷой будааст».

Бузургдошти рӯзи мазкур ҳамчун иди туҳфа супурдан ба занон дар шеъри классикӣ низ зиёд ба чашм мерасад.

Абӯрайҳони Берунӣ менависад, ки ин ҷашн ба вижа хосси занон буда, дар он аз шавҳарони хеш ҳадя мегирифтаанд ва аз ин рӯ, онро ҷашни «Муздгирон» низ мехондаанд. Дар ин рӯз занҳоро бар тахт менишондаанд ва барои онҳо бахшишҳо мекардаанд.

Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ қайд мекунад, ки: «…бархе аз муҳаққиқон ин расмро дар қарни ҳозир ба минтақаи курднишини Қафқоз нисбат додаанд, дар ҳоле ки дар соири навоҳии Эрон ҳам маъмул аст».

Муаррихон бар ин ақидаанд, ки ҳанӯз аз давраи Ҳахоманишиён сар карда занҳо дигар ҳақ доштанд, то соҳиби молу мулки шахсии худ бошанд.

Зан дар Авасто бо унвони Ritasya Bhanu (ё Аша Бону) ёд шудааст, ки маънои «дорандаи фурӯғи ростӣ ва порсоӣ» аст. Модар дар Авасто бо унвони Matri (парваришдиҳанда) ва хоҳар бо унвони Svâsri (вуҷуди муқаддас) омадааст. Зани шавҳардор бо унвони Nmâno Patni (нигаҳбони хона), баъдан кадбону ёд шудааст.

Дар Авасто зан баробари дигар хислатҳои ҳамида, инчунин тимсоли покӣ ва парҳезкорӣ, некӣ ва накӯкорӣ васф шудааст.

Зан дар давраи бостон дар баробари мардҳо кору фаъолият дошт, дар ҳама гуна маросимҳо ҳамроҳи мардҳо ширкат меварзид, ҳатто дар ҷангу шикор низ. Дар хона озодии иқтисодӣ дошт.

Дар китоби Авасто ҳам занҳои асотирӣ ва ҳам воқеии таърихиро вохӯрдан мумкин аст. Зан дар он бо номҳои «модар», «фаришта», «изадбону», «хоҳар», «зан», «ҳамсар», «бону», «кадбону», «хонахудо», «духтар», «духт», «дӯшиза», «духтари дӯшиза», «бонуи ҷавон», «пирзан», «кампир» ва ғ. омадааст. Масалан, вожаи «модар» дар Йаснаи 38 чунин ситоиш карда шудааст:

«Эй обҳои борвар!

Шуморо ба ёрӣ ҳамехонем; шуморо, ки ҳамчун модаред; шуморо, ки ҳамчун гови ширдеҳ парастори бенавоёнед ва аз ҳамаи ошомиданиҳо беҳтару хуштаред».

Вожаи «ҳамсар» низ чандин маротиба истифода шудааст:

«Эй Дрвасп! Эй нек! Эй тавонотарин!

Маро ин комёбӣ арзонӣ дор, ки ман бар Ажидаҳок-сепӯзаи секалаи шашчашм, он дорандаи ҳазор гуна чолокӣ, он деви бисёр зӯрманди Дуруҷ, он дурванди осебрасони ҷаҳон, он зӯрмандтарин Дуруҷе, ки Аҳриман барои табоҳ кардани ҷаҳони Аша, ба патёрагӣ дар ҷаҳони астуманд биофарид – пирӯз шавам ва ҳарду ҳамсараш Сангҳавак ва Аренавакро, ки барозандаи нигоҳдории хонадон ва шоистаи зоишу афзоиши дудмонанд– аз вай бирубоям».

Ин ҷо ишора ба қиссаи Ажидаҳок (Заҳҳок) аст, ки пас аз чирагӣ бар Ҷамшед хоҳарон ё духтарони ӯро Сангҳавак ва Аренавакро (Арнавоз ва Шаҳрноз)-ро ба занӣ мегирад. Дар «Шоҳнома» ба ин қисса чунин ишора шудааст:

Ду покиза аз хонаи Ҷаммишед,

Бурун овариданд ларзон чу бед.

Ки Ҷамшедро ҳарду хоҳар буданд,

Сари бонувонро чу афсар буданд.

Зи пӯшидарӯён яке Шаҳриноз,

Дигар моҳрӯе ба ном Арнавоз.

Пас аз он ки Фаридун бар Заҳҳок пирӯз мешавад, ду хоҳари Ҷамшедро озод мекунад ва онҳоро ба никоҳи худ медарорад. Аз Шаҳрноз ду писар бо номҳои Салму Тур ва аз Арнавоз писаре бо номи Эраҷ ба дунё меояд. Фаридун ҷаҳонро миёни он се писар тақсим мекунад.

Вожаи «духтар» ва «бону» низ дар ин китоб ниҳоят зиёд аст.

Вожаҳои «духтар» ва «бону» баъзан шакли «духтари дӯшиза» ва «бонуи ҷавон»-ро мегиранд.

Вожаи хоҳар низ дар ин китоби муқаддас хеле зиёд истифода шудааст. Ҳар гоҳе ин вожа оварда мешавад, мебинем, ки он бо эҳтиёт ва бо ситоиш истифода мешавад.

Номи нахустин зан – Машиёна дар Авастои кунунӣ нест. Лекин тибқи навиштаи «Динкард» дар яке аз наскҳои гумшудаи Авастои куҳан «Чеҳрдод-наск» исмҳои Машӣ ва Машиёна (нахустин марду зан) зикр шудаанд.

Аредвисура Аноҳита: номи изадбонуи обҳост. Дар паҳлавӣ Аноҳид ва дар арманӣ Аноҳит ва дар форсӣ Ноҳид шуда ва номи ситораи Зуҳра аст. Вожаи Обон, ки дар Авасто зикр ёфтааст (дар паҳлавӣ Опон), даҳумин рӯзи моҳ ва ҳаштумин моҳи сол буда, номи менӯии ҳамаи обҳо ва сифати изадбону Ардевисура Аноҳита аст. Номи ӯ дар Авасто зиёд ёд шудааст ва барои ӯ суруди алоҳидаи «Обон Яшт» бахшида шудааст.

Олиҳаи ишқу зебоӣ аслан дар асотири халқу миллатҳо гуногун будааст. Масалан, Аредвисура Аноҳита дар асотири ориёӣ, Афродита худои ишқу зебоӣ дар асотири Юнон, Венера дар асотири Рум, Хатор дар асотири мисриҳо, Иштар дар асотири аккодӣ, Инанна дар асотири шумериҳо, Лада ва Леля дар асотири халқҳои славянӣ. Бартарии Аредвисура Аноҳитаро аз Афродита ва Венера, ки аз машҳуртарин олиҳаҳои ишқу зебоӣ ба шумор мераванд, Назри Яздонӣ дар китоби «Ҳикмати озодагон» бо факту далел нишон додааст: «Аноҳито савори гардунаест чаҳораспа, Афродитову Венера гардунаи дуаспа доранд. Пироҳани Афродитову Венера дар қиёси пироҳани Аноҳито бараҳнагиҳои бештар дорад. Дар сухантасвирҳо ва муҷассамаҳо, Афродитову Венера монанди Аноҳито бурзманду барумсанд нестанд. Яъне тарбияи ҷисмонии ориён барои марду зан баробар буд, ҳар як зан монанди ҳар як мард тарбияти ҳатмии аспсаворӣ, найзаварӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ мегирифт…

Сухантасвири Аноҳито дар «Обоняшт» дусад солу чанде муқаддамтар аз тасвирҳои Афродитову Венера аст. Тасвирҳои қадимтар аз «Обоняшт» дастраси мо нест, аммо дар назди илм мусаллам аст, ки решаҳои воқеии ҷаҳонбинии авастоӣ аз ҷаҳонбинии адолатпешагон (пешдодиён) баҳра гирифтааст, ки чанд садсола то авастоиён роиҷу маъмул буд».

Тибқи ақидаи баъзе муҳаққиқон, аз ҷумла, олими олмонӣ Х. Нюберг парастиши Аредвисура Аноҳита ҳамчун илоҳаи об миёни бошандагони соҳилҳои Сирдарё ба вуҷуд омадааст.

Аши. Аши дар паҳлавӣ Арт, Ард-номи изадбонуи тавонгарӣ ва подошу ганҷури Аҳура Маздо мебошад. Аширо духтари Аҳура гуфтаанд. Бародаронаш Сурӯшу Рашну Меҳрро гуфтаанд.

Спандармад дар Авасто Сипинта ормаитӣ ва дар паҳлавӣ Спандормат ва дар форсӣ Исфандормаз ё исфанд аст, ки маънии фурӯтанӣ, фидокориву бурдборӣ, хиради комилро дорад. Ӯ духтари Аҳура Маздо ва Обон аст.

Хурдод дар Авасто Ҳаурватат ва дар паҳлавӣ Ҳурдод ё Хурдод ба маънии «камолу расоӣ ва сиҳҳатию бемаргии ҷовидонӣ» аст. Дар ҷаҳони астуманд нигаҳбони об аст.

Амурдод дар Авасто Амеретата, дар паҳлавӣ Амурдод ва дар форсӣ Амурдод ё Мурдод аст, ки маънии ҷовидонагӣ ва бемаргиро дорад.

Номҳои Спандармаду Хурдоду Амурдод дар Авасто аксар маврид якҷоя зикр мешаванд.

Поренди номи изадбонуест монанди Аши нигоҳбони ганҷу дороиву неъмат аст. Номи ӯ гоҳе бо Аши ҳамроҳ меояд.

Дрватат дар «Виспарад» изади тандурустӣ аст.

Саока (дар паҳлавӣ Суог), изадбонуи нигоҳбони хушиву болидану парвариш ва намоди хушии изадист.

Срутатфидри (ба маънии «дорандаи падаре номӣ ва баландовоза»), номи модари Ҳушедар.

Чиста (дар паҳлавӣ фарзонак ба маънии «донишу огоҳиву фарзонагӣ»), номи изадбонуи донишу фарзонагист.

Ҳутаоса (дар Авасто Ҳутаоса аз хонадони Нузар), номи ҳамсари Гуштосп аст. Дар «Шоҳнома» аз ин ном нишонае намебинем ва ҳамсари Гуштосп Катоюн духтари қайсари Рум аст.

Ҳвови номи духтари Фрашаоштра ва ҳамсари Зартушт аст.

Ҳамчунин исмҳои духтарони Зартушт низ ёд шудаанд: Френи (духтари бузурги Зартушт), Трити (дуввумин духтари Зартушт), Пуручиста (ҷавонтарин духтари Зартушт).

Дар Авасто инчунин исмҳои дигари хоси Варидкана ва Ҳумой (духтарони Гуштосп), оварда шудаанд.

Ҷаҳӣ (Ҷаҳика): (дар паҳлавӣ Ҷеҳ ба маънии зани фурӯмояву бадкор ва русапӣ), номи духтари Аҳриман аст, ки Аҳриманро ба тохтан ба ҷаҳони аҳуроӣ бармеангезаду ба ӯ ёрӣ мерасонад.

Зартушт дар мавриди интихоби шавҳар ба духтари худ ва дигар духтарон муроҷиат менамояд, ки марди ҳушёру доноро интихоб намоянд. Синни издивоҷ дар замони Зартушт аз понздаҳсолагӣ боло будааст. Дар он даврон духтар дар интихоби шавҳар озод будааст. Яъне агар падар ё модар ё бародар касеро интихоб намояд, ки ба духтар писанд нест, духтар ҳақ дорад, ӯро рад намояд ва хостаи худро интихоб намояд. Аммо хостаи ӯ бо розигии падару модар беҳтар дониста мешавад.

Дар Авасто зани зебову хушсурат низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст: «Ишонро занони дӯстдор шиштаанд дар гоҳҳои хешгоҳҳои бо сурҳану зебо, бо зарринҳалқа болиштҳо- нозанда бо синарези зарчоргушаву гушвораҳо…»

Дар давраи бостон занон аз байни мӯйҳои худ фарқ мебаровардаанд ва гесувони худро ба монанди юнониён орову торо медодаанд ва чодаре бар пушти сар мениҳодаанд, аммо рӯй ва гесувони онҳо намоён будаанд. Аз ин бармеояд, ки оини ороиши тарзи юнонии мӯйҳо хеле пештар миёни занони ориёӣ ҷорӣ будааст.

Мавқеи зан дар Авасто ва умуман дар давраи бостон гоҳе ҳатто аз мардҳо низ болотар гузошта шуда, онҳо чун нигоҳдорандаи обҳо, росттарини ростҳо ва поктарини покҳо, изадбону, нигаҳбони хона, омӯзанда ва парҳезкор зикр шудаанд.

 

Шобегим МАЛИКШОЕВА

сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

Похожие записи