МОДАР — ФАРИШТАИ УМЕДУ ОРЗУ

модар

Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Эмомалӣ Раҳмон

 

Модар — фариштае лабрези ҳусну латофат, назокат ва чун гул муаттару зебо. Фариштае саршор аз меҳру муҳаббат ва навозиш. Фариштае равшангару зебу зиннати ҳар хонадон.

Модар. Туӣ, ки зиндагӣ ранги дигар дораду ҳаёти мо, фарзандон, моломоли хушрӯзиву хушбахтиҳост. Ту ягона нафаре ҳастӣ, ки дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёт, шебу фароз, шириниву талхӣ ва афтидану хестанҳо бо мо ҳастӣ, аз комёбиамон меболиву бо бахтҳоямон ҳамдардӣ. Чун замоне ба коре бояд мепардохтем, ҳатман ӯ бароямон бо суханони ҳикматомезу ҳидоятгари хеш росткору ростқавл ва доштани виҷдони покро бароямон меомӯзонду онро нишонаи инсони комил маънидод мекард. Оё медонед, бо муҳаббат зистанро кӣ бароямон омӯзонд? Албатта, нури чашму маънии ҳаёти ҳар яки мо модар аст. Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва маҳзани ганҷи фарзанд, шахси башарият буда, маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарузӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию инсондӯстӣ ва ватандӯстиро меомӯзем. Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо маъвои дигаре нест. Барҳақ, шоири зиндаёд устод Лоиқ фармудааст:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Оре, давлати фарзанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, номашро абадӣ гардониданд. Модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта, модарро тимсоли Ватан медонанд. Модар сарчашмаи ҷушони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад. Ҳар фарзанде, ки қиммати модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии мост:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Модар дар ҳама ҳолат, чӣ ҳозиру чӣ дар ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида, аз шодӣ меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо ва беназир дорад.

Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба қадри ин ганҷи нодир мерасему иззату эҳтиромашро ба ҷо меорем. Ҳолатҳое мешаванд, ки дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ ва ишқу ҳавас заврақ меронему модарро бо он ҳама дилсӯзию мушфиқиаш, бо он ҳама меҳру муҳаббаташ ба коми фаромӯшӣ месупорем ва гоҳо носипосиҳоеро баҳраш раво медорем. Баъд  аз кирдор ва рафтори хеш пушаймон мешавем, ки кайҳо дер шудаасту дигар ӯро пайдо карда наметавонем.

Нақши Зан — Модар дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон, афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳим ва арзишманд аст. Зеро, бузургии Зан-Модар дар рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории ӯ таҷассум мегардад. Имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим, бахусус дар соҳаи илму маориф хеле назаррас аст.

 

Чи тавре Сарвари давлат иброз намудаанд: “Мо ба қувваи бузурги занон эътимод дорем ва ба онхо такя мекунем, ки барои осону сода барпо кардани маъракаҳо саҳми худро гузоранд. Саодатмандиву сарбаландии занону модарони тоҷик ва аҳли хонадони онҳо дар маҷмӯъ омили муҳими пешрафту ободии Ватани маҳбубамон –Тоҷикистон мебошад”.

 

Ин суханони Пешвои миллат қувваи бузургест барои занону модарони кишвар. Тавре хамагон хуб огоҳанд, бо мақсади бузургдошти Зан — Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила 6 марти соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи 8 март эълон гаштани Рӯзи Модар ба тасвиб расида буд, ки ҳамасола ин рӯз пуртантана ҷашн гирифта мешавад. Аз ин рӯ, мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хосса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандагари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.

Воқеан, саҳму нақши занону бонувон дар рушди кишвар беҳамтост. Маҳз чунин хусусиёти арзандаи занҳоро ба инобат гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо судури чанд амру фармоне саҳму нақши занонро дар ҷумҳурӣ боло бардоштанд. Имрӯз Зан-Модари тоҷик ба сифати роҳбару хизматчии давлатӣ, дар соҳаҳои гуногуни кишвар, бухусус дар пешбурди соҳаи илму маориф  бошарафона фаъолият карда истодаанд.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки модарону хоҳарони азизи мо минбаъд низ дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои пешбиникардаи Ҳукумати мамлакат, дар тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти давлат саҳми худро мегузоранд.

Ҷомеаи имрӯзаро бе неруи созандаи Зан — Модар тасаввур кардан имконнопазир аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиклолӣ ҷиҳати таҳкими мақому манзалат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори занону бонувони кишвар дар вазифаҳои гуногуни соҳаҳои мухталифи давлатӣ пурсамар кору фаъолият мекунанд.

Донистани қадру қимати зан — модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди солим ва баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан — модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд.

 

Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшандаанд. Навозишҳои дастони модар беҳтарин истироҳат аст — барои фарзанд, новобаста ба синну сол. Чун зан — модар худ гул аст, ҳар ҷое қадам мениҳад, онҷо гулу гулзор мешавад. Ҳамду сано ба зан модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст. Ба оғози эҳёи табиат фасли рӯидани сабза, шукуфтани гулҳо ва ҷомаи сабзи баҳорӣ ба тан кардани дашту саҳрои сарзамини зебоямон рост омадани Рӯзи модар рамзи басо неку хуҷаста мебошад. Чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба кишту кор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад. Аз ин рӯ, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем.

 

“Сухани пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бомаърифат қудрате дорад, ки каҷравонро ба роҳи рост, ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқу сафо, ношукру носипосонро ба фурӯтаниву шикастанафсӣ роҳнамун месозад”, — қайд кардаанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Андешаҳоямро бо иқтибосе аз суханони Ҳоноре Ди Балзак, ки дар васфи Зан-Модар нигоштааст, хотима мебахшам:

“Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: “Ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад”.

САФАРОВА Р. Б.,           

муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ

Аксҳо

Похожие записи