МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН ИФТИТОҲ ГАРДИД

IMG_1124

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20 — солагии Созмони ҳамкории Шанхай дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

 

Зимни ифтитоҳи Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Шарифӣ Азамшо Латифзод, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, Котиби генералии СҲШ Норов Владимир Имамович, иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон Сабиров Қабулҷон Қосимович, Котиби генералии Кумитаи СҲШ оид ба ҳамсоягии ҳамҷавор, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Ҷэн Вей, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Тажибоев Аскар Ерликович, сардори шуъбаи консулӣ ва администратори Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Лу Ҷянлун, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон Рустенбеков Жаниш Султонкулович, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии исломии Покистон дар Тоҷикистон Имран Ҳайдар, Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор Семёнович, котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Азизов Фаррух Фахриддинович иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар шурӯи ифтитоҳи Марказ Ректори Академия иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ солҳои охир обрӯву нуфузи баланд касб намудааст. Бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавҳари онро дар равобити байналмилалии сиёсати «дарҳои боз» ташкил медиҳад, ҳамкории мутақобилан судманд бо давлатҳои дуру наздик ва созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ густариш ёфта истодааст. Яке аз чунин чорабиниҳои сатҳи баланд, ки имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, нишасти сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад.

— Мутобиқи муқаррароти СҲШ соли 2021 раёсат дар созмони мазкур аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт, ки он ба санаи таърихии 20-солагии таъсисёбии ин созмони бонуфуз рост меояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи ин созмони байналмилалии минтақавӣ буда, дар рушду равнақи он саҳми босазо дорад. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ба сифати як ниҳоди ҳамоҳангсози самтҳои фаъолияти СҲШ таъсис дод шуд, — иброз дошт Абдухалил Ғафурзода зимни суханронии хеш бахшида ба кушодашавии Марказ.

 

Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатии ғайритиҷоратӣ буда, дар сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ ва тақвияти созмон фаъолият менамояд. Ҳамчунин, самтҳои асосии фаъолияти маркази мазкур тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни давлатҳои аъзо, мусоидат ба эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, ҳамбастагӣ байни миллатҳо ва мазҳабҳо, рушди муколамаи тамаддунҳо, табодули ҳайати дуҷониба, омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ, коркарди ташаббусҳо, ташкилу баргузории чорабиниҳои сатҳи миллию байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои таҳкими фазои дӯстона байни ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҷавонон ва занони кишварҳои СҲШ, мусоидат ба рушди ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, иқтисодиёт, сайёҳӣ, ташаккули захираҳои иттилоотӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО, бо мақсади тавзеҳи васеи ҳадафҳо, вазифаҳо ва афзалиятҳо мебошад.

 

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Шарифӣ Азамшо Латифзод дар навбати хеш зимни ифтитоҳи Марказ иброз намуд, ки бешубҳа, дар давраи раёсат Тоҷикистон ният дорад, ки барои таъмини амният ва субот, таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар паҳнои СҲШ кӯшиш ба харҷ диҳад. Аз ин рӯ, таъсиси ин Марказ мувофиқи мақсад буда, туҳфаи арзандаест ба ҷашнҳои 20-умин солгарди таъсиси СҲШ ва 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Ҳамчунин иштирокчиёну меҳмонон — Котиби генералии СҲШ Норов Владимир Имамович, иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон Сабиров Қабулҷон Қосимович, Котиби генералии Кумитаи СҲШ оид ба ҳамсоягии ҳамҷавор, дӯстӣ ва ҳамкорӣ Ҷэн Вей тариқи онлайнӣ ва сафирони давлатҳои аъзои СҲШ бевосита дар маросими ифтитоҳи Марказ суханронӣ намуданд.

 

Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон расмҳои таърихии СҲШ, харитаи давлатҳои аъзои созмон, аксҳои сарони давлатҳои аъзо зимни ҷараёни нишасти СҲШ, гӯшаи китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводҳое, ки вобаста ба фаъолияти Созмон нашр гардидаанд, инчунин парчамҳои давлатҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла, дар қисмати пеши Марказ аз тарафи боло рамзи СҲШ ва рамзи 20-солагии СҲШ, маълумотнома оид ба таъсиси СҲШ, суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо сарони давлатҳои аъзои СҲШ ҷой дода шудааст.

 

Сохтори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон аз директор, муовини директор, шуъбаи сиёсат ва ҳамкориҳои дипломатӣ, шуъбаи таҳлил ва рушди дурнамои ҳамкориҳо, шуъбаи илм, маориф ва иҷтимоиёт, котибот, бахши ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва муҳосибот иборат аст.

 

Аксҳо

Похожие записи