ИНКИШОФИ ИНФРАСОХТОРИ САЙЁҲӢ ДАР МАҲАЛҲО

IMG_1743

Таҳти ин унвон имрӯз, 15-уми апрели соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи идоракунии молияи давлатии факултети идоракунии давлатӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

 

Семинари илмӣ-назариявиро номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия Комилбек Амид Ёрбек ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки сайёҳӣ чун соҳаи ҳаётан муҳим аз давраҳои қадим дар шаклу намудҳои гуногун ташаккул ёфта, он дар садсолаи охир омили муҳимми рушди иқтисодӣ ба шумор меравад, ки баҳри ташаккул ва роҳандозии навъҳои гуногуни он барномаҳои мукаммали давлатӣ таҳия мегарданд. Чуноне, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 қайд намуданд, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзудааст, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест. Маҳз рушди соҳаи сайёҳӣ буд, ки дар соли 2018 сатҳи камбизоатӣ аз 31,5 % ба 29,5 % коҳиш ёфт. Инчунин, тибқи маълумотҳои оморӣ аз шумораи умумии аҳолии мамлакат, ки 9,5 млн. нафарро ташкил медиҳад, аз он 75 % дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Қобили зикр аст, ки маҳз бо эълон гардидани соли 2018, ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” зиёда аз 3000 ҷойҳои корӣ дар маҳалҳо ташкил карда шуд.

 

Ҳамчунин номазади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултети идоракунии давлатӣ Соибов Зайниддин дар навбати хеш қайд намуд, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ яке аз соҳаҳои сердаромад, манбаи ғанӣ гардонидани буҷаи давлат ва омили муҳимми беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум маҳсуб меёбад.

 

Сипас, муаллими калони кафедра Бобозода Афзалшоҳи Олимҷон дар мавзӯи “Инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ дар маҳалҳо” маъруза намуда, иброз дошт, ки таъсири рушди устувори сайёҳӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, мамлакатҳои алоҳида ва ба минтақаҳо яке аз тамоюлҳои аҳамиятнок ва доимӣ буда, воситаи хуби инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Сайёҳиро ҳамчун соҳаи мустақили иқтисодиёти миллӣ барои рушди иқтисодиёти ҳар як кишвар роҳандозӣ намудан мумкин аст. Фаъолият дар ин соҳа барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ равона карда мешавад. Талаботи гуногуни аҳолӣ дар сайру саёҳат на танҳо аз ҷониби пешкашкунандагони хизматрасониҳои сайёҳӣ, балки аз тарафи дигар соҳаҳо, ки сайёҳиро ҳамчун як омили таъсирбахш ба инкишофи иқтисодӣ вобаста медонанд, ба сомон расонида мешавад.  Фаъолияти бахши сайёҳӣ, ки дорои пойгоҳи ғании моддист, дар бисёр кишварҳо ба вуҷуд омада, бо низом рушд меёбад ва барои миллионҳо одамон ҷойи корӣ эҳё карда, бо тамоми соҳаҳои хоҷагӣ ҳамкорӣ мекунад.

 

Семинари илмӣ-назариявӣ бо маърузаи мудири кафедраи идоракунии молияи давлатии Досиев Муҳаммад дар мавзӯи “Соҳибкори экологӣ” ва саволу пешниҳодҳо ба анҷом расид.

 

Аксҳо

Похожие записи