НОҚОБИЛОНИ ДАҲР БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД…

Шавқат

Озодиву ободии диёр ва сулҳу субот неъматест, ки Яздони пок баҳри мо, тоҷикон бо ивази ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат ҳадя намудааст. Вале чашми ҳасудон ин оромию озодии Ватанро дидан намехоҳанд. Имрӯзҳо ин сияҳдилон кӯшиши онро доранд, ки ба ҳар роҳу восита мафкураи насли наврасро вайрон сохта, сарзамини моро ноором намоянд.

 

Барои мо аён аст, ки ин гурӯҳи хиёнаткор барои сарзамини мо заррае некӣ накардаанд ва доимо кӯшиш намудаанд, ки баҳри вайронкорӣ ва мардуми дар зиндагии орому осоишта қарор доштаро ба вартаи ҷанг тела диҳанд. Кори ин афрод доимо миёни мардум шӯру ғавғо андохтан аст.

 

Имрӯзҳо сару садоҳо оид ба ноором будани марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар сархати тамоми расонаҳои хабарӣ қарор дорад. Лек миёни тоҷикону қирғизҳо аҳдномаи сулҳ баста шуд ва ҳама орому осуда зиндагӣ доранд. Вале душманони миллат дар ин рӯзҳои вазнин бо суханрониҳои бемавриди худ тарафдорӣ аз мардуми қирғиз намуданд. Ногуфта намонад, ки имрӯз миллати тоҷик ба худ сарвари мушфиқу ғамхор дорад ва ниёзе ба ҳеҷ роҳбарӣ надорад.

 

Бузургии миллати тоҷик дар он аст, ки то имрӯз ба сари ягон миллате ҳуҷум ва ҳамла накардааст. То тавонистааст, кӯмак намудааст. То имрӯз бо роҳи гуфтушунидҳо миллати тоҷик бисёр дастовардҳоро ноил гардидааст. Ин миллати соҳибтамаддун хуб дарк намудааст, ки беҳтарин силоҳ ин сухани хуб гуфтан ба якдигар аст. Мардуми сарбаланду саодатофарини тоҷик ба ҷои суханони бемавридонаи хоинони миллат паҳлуи якдигар истода аз марзу буми хеш муҳофизат намуданро афзалтару авлотар медонанд.

 

Ман яке аз ҷавони даврони истиқлол ба кулли аз ҷавонони Ватан даъват ба амал меорам, ки дар чунин даврони ҳассос ба иғвогарию суханони бемавриди хоинони миллат фирефта нашаванд. Ҷои силоҳи ҷангӣ силоҳи ақлро истифода баранд. Шукр кунанд, ки имрӯзҳо мо миллат дорем, давлат дорем ва муҳтоҷи ягон давлату миллати бегонае нестем. Роҳбари бегонаеро намехоҳем ва дигар ба фиребҳои мағзшуштагони миллат низ боварӣ надорем ва нахоҳем кард. Фақат дар охир мегӯем, ки:

Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд,

Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст.

 

Шавкат ОСТОНАЕВ,

сармутахасиси шуъбаи фарҳанг ва

рушди истеъдодҳои ҷавони Академия

Похожие записи