ДОНИШҶӮ ВА МАНЗИЛИ ЗИСТ

Воҳид

Таъмини донишҷӯён бо манзили зист яке аз масъалаҳои муҳим ва асосӣ ба шумор меравад. Ин масъала ҳам ба сатҳи донишазхудкунӣ, ҳам ба саломатӣ, ҳам ба рӯҳияи донишҷӯён таъсири зиёд мерасонад. Таъмини донишҷӯён бо манзили зисти дорои имконият ва шароити мусоиди донишазхудкунӣ, истироҳат ва дигар шароитҳои маишӣ яке аз муҳимиятҳои асосӣ дар таёр намудани мутахассисони замонавӣ ба шумор меравад, ки волидайн, раёсати муассисаҳои таълимӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки ба ин масъала аҳамияти ҳамаҷониба зоҳир намоянд. Вобаста ба ин масъала 4 гурӯҳи донишҷӯён мавҷуданд:

 

  1. донишҷӯёни дар хонаи волидайн истиқоматкунанда, яъне донишҷӯёни муқимӣ;
  2. донишҷӯёни дар хонаи хешону наздикон истиқоматкунанда;
  3. донишҷӯёни иҷоранишин;
  4. донишҷӯёни дар хобгоҳҳои донишгоҳ истиқоматкунанда.

 

Дар робита ба ин, гурӯҳи якуми донишҷӯён қариб ягон мушкилоти ҷиддие надоранд. Онҳо пайваста зери назорат, ғамхорӣ ва мададу дастгирии волидайн ва аҳли оила қарор доранд.

 

Ба гурӯҳи дуюми донишҷӯён мушкилоти муносибати эҳтиромона, мусолиҳаомез, эҳтиёткорона ва сатҳи баланди таҳаммулпазирӣ бо аҳли оилаи нав, ки ӯ дар он ҷо меҳмони дарозмуддат мебошад зарур аст. Ин гурӯҳи донишҷӯён низ то андозае зери дастгирӣ ва мададу пуштибонӣ қарор доранд ва дар ҳолатҳои зарурӣ дастгирӣ меёбанд.

 

Дар ин масъала мушкилоти асосӣ доир ба гурӯҳи сеюм, донишҷӯёни дар иҷораҳо истиқоматкунанда мавҷуд аст. Ин донишҷӯён аз зери назорати ҳам волидайн, ҳам шахсони наздик ва ҳам раёсати муассисаи таълимӣ дуранд ва маълумоти мушаххасу дақиқ доир ба шароити зист, рафтуомад, шахсони ҳамзист ва умуман ягон маълумоти комил доир ба манзили зист ва тарзи зисти ин донишҷӯён мавҷуд нест. Ин донишҷӯён аз ҷиҳати даст задан ба амалҳои номатлуб, гаравидан ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, террористию экстремистӣ, қочоқбар ва майзадаю иртиҷоӣ осебпазир ба шумор мераванд. Ғайр аз ин, ин гурӯҳи донишҷӯён аз тарбияи оилавӣ ба пуррагӣ дур мемонанд ва ҳаволаашон ба ақлу заковат ва дониши худ аст, ки ин сабаби дигари аз ҷиҳати равонию маънавӣ ва ҷисмонӣ осебпазир будани ин гурӯҳи донишҷуён мебошанд.

 

Албатта, дар баробари ҷиҳатҳои манфӣ дар иҷора истиқомат намудан барои донишҷӯён ҷиҳатҳои мусбии зиёдеро низ доро мебошад. Аввал, ин донишҷӯён нисбат ба гурӯҳҳои дигари донишҷӯён вақти худро пурра дар ихтиёри худ доранд ва ҳар лаҳзае, ки хоҳанд, ба донишазхудкунӣ машғул мегарданд ва касе ба онҳо халал намерасонад. Аз ҷиҳати маишӣ низ барои ин гурӯҳи донишҷӯён имкониятҳои фарохтар нисбат ба гурӯҳҳои дигари донишҷӯён мавҷуд аст. Ҳамзамон, ин донишҷӯён имконияти пурра гузаштан ба ҳаёти мустақилонаро доранд.

 

Ҳаёти асосии донишҷӯӣ хоси гурӯҳи чорум аст, ки дар хобгоҳҳои донишҷӯён истиқомат мекунанд. Ҳаёти ин гурӯҳи донишҷӯён хеле рангин, хотирмон, ҷолиб ва дорои махсусиятҳои худ мебошад. Дар ин ҷо гуногунии фарҳангӣ, лаҳҷа, расму анъана, оин ва рафтору гуфтор мушоҳида мегардад, ки хеле ҷолиб мебошад. Ин гурӯҳи донишҷӯён аз минтақаҳои гуногун бо ихтисосҳои гуногун дар ҳуҷраҳо бо ҳам истиқомат мекунанд, ки боиси инкишоф ёфтани дӯстӣ, рафоқат ва пайвандшавии фарҳангӣ ва омехташавии расму анъанаҳои миллии минтақаҳои ҷумҳурӣ мегардад. Хобгоҳ манзили асосӣ барои донишҷӯён маҳсуб меёбад ва қисми аксари донишҷӯён маҳз дар хобгоҳҳо истиқомат мекунанд. Дар хобгоҳ имконияти ташаккули донишҷӯён нисбат ба гурӯҳҳои дар боло номбаршуда зиёдтар аст, чунки дар хобгохҳо донишҷӯён бо ихтисосҳои гуногун истиқомат мекунанд ва ҳар лаҳза шахс метавонад дар бораи мавзӯъҳо ва маводи нофаҳмо аз рафиқони худ кумак гирад. Ҳамзамон, дар ин ҷо имкони ташкили баҳсҳои илмию фаннӣ мавҷуд аст, ки дар сурати ташкили он донишҷӯён метавонанд сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии худро боз ҳам баланд бардоранд.

 

Ҷиҳати мусбии дигар дар ҳаёти ин донишҷӯён он аст, ки онҳо ҳамеша зери назорати ҷиддии раёсати муассисаи таълимӣ ва мураббии хобгоҳ қарор доранд ва пайваста бо ин донишҷӯён корҳои тарбиявӣ, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва семинару суҳбатҳо гузаронида мешаванд, ки дар ташаккули шахситяти онҳо нақши созгор мебозад.

 

Масъалаи асосие, ки ин гурӯҳи донишҷӯён бояд пайваста бояд диққати ҷиддӣ диҳанд ин риояи қатъии қоидаҳои санитарию гигиенӣ, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва бехатарӣ мебошад. Тавре маълум аст, ин донишҷӯён ҷойҳои умумиро дар якҷоягӣ истифода менамоянд, ки дар сурати риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ гирифтор шудан ба бемориҳои гуногуни сироятӣ аз эҳтимол дур нест. Ҳамзамон барои истиқомат дар хобгоҳҳо донишҷӯён бояд аз ташхиси ҳатмии тиббӣ гузаранд. Тавре медонем, имрӯз шумораи бемориҳои гуногуни сироятӣ хеле зиёд шудааст ва дар сурати гирифтор будани ҳатто як нафар донишҷӯи дар хобгоҳ истиқоматкунанда ба ин ё он намуди бемории сирояткунанда метавонад, даҳҳо нафари дигарро сироят намояд.

 

Вобаста ба ин масъала фароҳам овардани шароити замонавӣ ва мусоиду аз ҷиҳати санитарию гигиенӣ бехатар дар хобгоҳҳои донишҷӯён зарур мебошад. Дар сурате, ки қисми асосии донишҷӯён дар хобгоҳҳо истиқомат менамоянд таъмини шароити мусоиди зист яке аз омилҳои асосии мусоидаткунанда дар баланд гардидани сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ба шумор меравад, ки иҷрои ин амал шарт, зарур ва талаби замон аст.

 

Умуман донишҷӯён новобаста аз оне, ки ба кадоме аз ин гуррӯҳҳо дохил мешаванд бояд пайваста хонанд ва рисолатии асосии худро ҳамеша иҷро намоянд.

 

Абдулвоҳид АБДУЛҲАЕВ,

мудири бахши хобгоҳи Академия

Похожие записи