ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Аҳмадзода Зулфия Кабир

Дар дунёи мутамаддин ҳар як миллату халқиятро бо фарҳанг ва арзишҳои хоси худ мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ҷавҳари ҳастии ҳар як миллат ва сарчашмаи ташаккули он ва дар маҷмӯъ унсури таркибии миллат арзишҳои он мебошанд. Хушбахтона, миллати фарҳангсолори тоҷбарсари мо аз азал арзишҳои хосеро дар худ эҷоду эҳё намудааст, ки ҷавҳари аслии онро инсондӯстию фарҳангсолорӣ, илмдӯстию ҷавонмардӣ, шуҷоату мардонагӣ, созандагию бунёдкорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллию ҷаҳонӣ ташкил медиҳад.

 

Сулҳдӯстию сулҳпарварӣ ва башардӯстию раъиятпарварӣ яке аз он арзишҳои миллии хоси миллати мо мебошад, ки дар фосилаи таърихии ҳастии инсоният онро дар замири худ парвариш намуда, асоси муносибати худ бо дигар халқу миллатҳо қарор додааст. Дар муносибат бо дигар халқу миллатҳо пайваста эҳтироми онҳоро ба ҷо оварда, дар доираи ҳусни тафоҳум ҳамгироӣ намудааст. Муносибати ҷангҷӯёна ва ғайриинсонию зиддиинсониро дар ҳамаи давраҳои таърихӣ маҳкум намуда, ҳаёт, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва миллату халқиятҳои дигарро ҳамчун арзиши олӣ дониста, пайваста ба онҳо эҳтиром гузоштааст.

 

Ин рамзи гӯёи башардӯстӣ ва инсонсолории миллати мо мебошад. Ҳамзамон, дар ин радиф бо далерию шуҷоат ва ҷавонмардӣ шарафу номус, сарзамин, ҳувият, фарҳангу тамаддун ва ҳастии худро бо ҳисси баланди ифтихормандӣ ҳимоя намудааст. Баҳри ҳастии ному тоҷ ва Ватани худ ҷонбозиҳои таърихӣ намуда, асолати худро нигоҳ доштааст. Ба ҳеҷ як давлату миллат ва халқияти дунё хиёнат накардааст, аммо бо хиёнаткорону таҷовузкорон ва ноҷавонмардону аҳдшиканон пайваста муборизаи далеронаю ғаюрона бурдааст.

 

Махсусан, бо душманоне, ки барои аз байн бурдани фарҳангу тамаддун ва мероси гарони таърихию адабӣ ва илмии миллатамон кӯшиш кардаанд, ҳамеша муқовимат нишон дода, бо ҳисси баланди фарҳангсолорию фарҳангдӯстӣ мероси маънавии худро дифоъ намудааст. То имрӯз новобаста аз истисмори зиёд миллати мо фарҳанги худро нигоҳ дошта, яке аз миллатҳои фарҳангӣ ва дорои адабиёти оламшумулу бемарз дар паҳнои адаби инсонӣ ва тарбияти шахси комил шинохта шудааст.

 

Яке аз нишонаҳои асосии безавол мондани миллат низ фарҳангӣ будани он аст, ки мо, ҷавонон, бояд дар шинохт ва арҷгузории ин нишони безаволии худ оҷизу заиф набошем. Дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ бо пайдо шудани фарҳангҳои сунъию сохта, гӯшхарошу дилхарош ва фалаҷкунандаю фасодкунандаи мафкура, рӯҳ, зеҳн, ахлоқ, муносибату муошират ва маънавиёти башарият, ки дар бисёр ҳолатҳо фарҳанги асили инсониро иваз намуда, аз байн бурда истодааст, мо, ҷавонон, бояд ҳушёру зирак бошем.

 

Зери таъсири бегонашавии фарҳангӣ намонем ва неъматеро, ки ҳазорсолаҳо миллати моро безавол нигоҳ дошт ва арҷманду солору тавоно то имрӯз расонид, бо тамоми ҳастии худ ҳифз кунем. Мо меъёрҳои ахлоқӣ, либос, расму оин, урфу одат, ҷашну маросим, забон, таърих, адабиёт, санъат, мусиқӣ, ҳунар, завқ, дин, оила, ва дар маҷмӯъ ҳаёти маънавию моддӣ ва фазои хосу фарҳангии зиндагии худро дорем, ки он ҳастӣ ва ё зиндагии тоҷикона ном дорад. Бо ин бояд ифтихор кард ва аз бегонашавию бегонапарастӣ эмин буд. Дар ин баробар мо, ҷавонон, бояд дар хотираи худ ҷой диҳем, ки миллати мо миллати эҷодкору китобдор аст.

 

Тавре сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, миллати сарбаланди мо пайваста ба эҷод ва кашфи ҳақиқати зиндагӣ машғул гардидааст. Ҳамеша китобҳои илмию адабӣ таълиф намуда, мазмуну мундариҷа ва рисолату ҳадафи зиндагиро равшан намудааст. Ба илму фарҳанги ҷаҳонӣ дурдонаҳои зиёдеро зам намуда, бисёре аз асрору норавшаниҳои зиндагиро ошкор намудааст ва дар ин баробар мушкилоти зиндагии башариятро осон намудаву халқро аз зулмот ба рӯшноӣ ва аз ҷаҳолату хурофот ба иҷрои фароиз расонидааст.

 

Китобҳои таълифнамудаи фарзандони фарзонаю содиқи миллати мо барои башарият дастури ҳаётӣ ва заминаю сарчашмаи тарбияти инсони комил то имрӯз ва ояндаҳои дур хизмати шоиста менамоянд. Китоб сарчашмаи дониш аст, дониш бошад, сарчашмаи ташаккули инсоният ва расидан ба сатҳи шахсият. Яъне миллати мо миллатест, ки аз он башарият дониш омӯхтааст ва то ба ҳол меомӯзад. Аз ин бояд ифтихор кард ва ин шоистагиро идома дод. Ин яке аз он рисолатҳои муҳимест, ки мо ҷавонон ҳатман бояд идома диҳем ва бо таълифи китобҳои илмию адабӣ ин арзиши миллии миллати худро дар оянда ҳифзу эҳё намоем.

 

Сифати дигари миллати накӯноми мо созандагию бунёдкорӣ мебошад, ки дурдонаҳои таърихии зиёд нишонаи он аст. Дар тӯли таърих ва давраҳои давлатдории худ миллати мо шаҳрҳои зиёде бунёд намудааст, ки бо санъати баланди меъморӣ ва биноҳои гуногуни бо бадеият сохташуда то имрӯз аз ҷониби башарият ҳамчун мероси ғайримоддӣ ва ҷавҳари ташаккули зеҳну тафаккур эҳтиром гузошта мешавад. Дар муқоиса бо баъзе миллатҳои дигар, ки дар таърих бо ҳуҷумҳои таҷовузкоронаи худ садҳо шаҳрҳои ободу зеборо сӯзонидаву валангор кардаанд, миллати мо ҳамеша ба бунёдкорию созандагӣ машғул шуда, дар тамоми гӯшаю канори Мовароуннаҳр шаҳрҳо ва марказҳои бузурги фарҳангию илмӣ бунёд намудааст, ки ин нишонаи соҳибтамаддунии мо мебошад.

 

Хушбахтона, ин шоистагӣ имрӯз низ дар давлати соҳибистиқлоли мо бомаром идома дорад. Идома додани ин падидаи накӯ яке аз рисолатҳои ҷавонон дар оянда маҳсуб меёбад. Ҷавонон бояд бо дарки ин масъулият ва рисолати таърихӣ созандагию бунёдкориро мароми модарӣ ва аҷдодии худ дониста, Ватани азизу соҳибистиқлоламонро дар оянда ба давлати мутараққӣ табдил диҳанд. Ин амал яке аз фароизҳои муҳим мебошад, ки савоби зиёде дорад.

 

Дар раванди ташаккули омехташавии фарҳангҳо, ивазшавии фарҳанги асил ба фарҳанги сунъию сохта, фаромиллию фаромарзӣ гардидани терроризму экстремизми динӣ, бархӯрди манфиатҳо, ки ба давлату миллати мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд, ҷавонони мо метавонанд бо таҳаммулпазирӣ, ки арзиши муҳимтарини таърихӣ – динии мо маҳсуб меёбад ва дар ҳама давраҳои таърихӣ як ҷавҳари ҳастии миллати мо буд, манфиатҳои умумимиллию давлатӣ ва Истиқлолу Ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор нигоҳ доранд. Таҳаммулпазирӣ нишонаи устувории равонӣ ва дурандешию хирадмандист.

 

Миллати мо тавонистааст бо ин сифати худ бисёр мушкилоти ҷиддиро дар ҷодаи давлатдорию давлатсозӣ паси сар намуда, ба камолот ва дастовардҳои бузург ноил гардад. Маҳз бо таҳаммулпазирӣ мо метавонем бо дигар миллату давлатҳо ҳамгироӣ намоем ва мақсадҳои муҳимтарини стратегии худро амалӣ созем. Тамоми бузургон ва фарзандони барӯманди миллат таҳаммулпазириро хислати табиии худ дониста, ба комёбиҳо дастёб гардидаанд. Имрӯз ҷавонони мо ба ин сифати таърихӣ-миллӣ эҳтиёҷи ҳаётӣ доранд. Таҳаммулпазир будан яке аз муваффақтарин роҳи расидан ба комёбиҳост. Бо дарназардошти таҳкими сулҳу субот ва низом дар ҷомеа, устувории рукнҳои давлатдории миллӣ зарур аст, ки наврасону ҷавонон дар ин рӯҳия аз муҳити оила оғоз карда тарбия ёбанд. Оила ҷои муқаддас, меҳру муҳаббат, самимият, тарбият, камолот, рушду инкишоф, омӯзиши ҳаёт, муносибат, ахлоқ, дӯстӣ, раҳму шафқат, бародарӣ, муттаҳидӣ, ҳамбастагӣ ва ба ҷо овардани фарзу суннат мебошад. Боре тасаввур кунем, ки тифл тавлид шуд, вале оила вуҷуд надорад. Ин ҳолат хоси ҷомеаи инсонӣ нест. Дар ҷомеаи инсонӣ ҳатман бояд оила устувору поянда бошад.

 

Ҷавонони мо бояд ҳамеша дар хотир гиранд, ки ҳастии миллати моро дар тамоми давраҳои таърихӣ маҳз ҳамин арзишҳо таъмин намудаанд ва ҷавҳари таърихии ҳастии миллати мо аз ҳамин арзишҳо иборат мебошад. Маҳз ба туфайли ҳамин арзишҳо миллати мо безавол гардид ва таъмини абадияти ҳастии миллати мо дар оянда низ аз парвариши ин арзишҳо дар замири мо вобаста аст. Чун ояндаи давлатдорӣ ва ҳастию рушду нумӯи миллат бар дӯши ҷавонон мегузарад, ин арзишҳо заминаи боэътимод, такиягоҳи таърихӣ ва дурдонаи маънавии миллатсолорию давлатдорӣ барои мо, насли ҷавон, ба ҳисоб мераванд.

 

Ин мавзӯъро мехоҳем бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба итмом расонем, ки чунин фармудаанд: “Ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад”.

 

Зулфия АҲМАДЗОДА,

ноиби ректор оид ба идеология,

тарбия ва робита бо ҷомеа

Похожие записи