ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ХУДШИНОСИИ ҶАВОНОН ДАР КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Парвина А.

Эҳёи худшиносӣ бе тафаккури таърихӣ номумкин аст. Мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта ҳамчун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав, ваҳдати ҷумлаи тоҷикон ва тамоми халқи Тоҷикистон эҳтиром мегузорем.  Эмомалӣ Раҳмон

 

Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонӣ, зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад.

 

Саҳифаҳои рангин ва рӯзгори равшани миллати мо дар тӯли таърих бо талошу муборизаҳои ниёгонамон, пешвоён ва сарлашкарон, назири Шерак, Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо зиёиёну сиёсатмадорони шарафманди дигар тавъам буд.

 

Ҳиссиёти ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва ба нафъи он хизмат кардан, шуълаи ифтихори ватандорӣ, эҳсоси худшиносӣ агар дар вуҷуди насли ҷавон бехалал тарҳрезӣ шуда бошад, зуҳуроти номатлуби замони муосир ба монанди қабул ва тақлиди кӯр-кӯронаву бехаёлонаи фарҳанги бегона боиси мағзшӯӣ гардидан, шомил шудан ба ҷамъиятҳои ифротӣ ба воқеаҳои чашмрас табдил намеёбад.

 

Барои он ки ҷавонон аз муқаддасоти хеш ифтихор дошта, баҳри ҳифзу ҳиросати он кӯшо бошанд, бояд аз гузаштаи миллати хеш, аз таърихи он, аз қаҳрамонҳо ва чеҳраҳои мондагори миллат огоҳӣ дошта бошанд.

 

Огоҳии комилро метавон аз асарҳои бузурги таърихиву адабӣ, аз ҷумлаи «Тоҷикон дар оинаи таърих» «Аз Ориён то Сомониён», “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, «Тоҷикон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ”, “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, “Забон –ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои истиқлол”-и Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров, “Ахтарони адаб”- осори 50 ҷилдаи суханварони гузаштаву муосири тоҷик, ки аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 нашр шудааст, пайдо кард.

 

Аз ин рӯ бояд ҳар як ҷавони тоҷик ин асарҳоро китобҳои рӯимизии хеш қарор диҳад, гузашта аз ин, ҳар як омӯзгору зиёии миллат аз ин асарҳо огоҳӣ дошта бошанд.

 

Махсусан, бе надонистани таърихи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруф аст ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодааст. Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд. Дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст. Дар китоби «Тоҷикон» аз сохти ҷамъияти ибтидоӣ то ба Россия ҳамроҳшавии тоҷикон ба таври возеҳ, бо санаву рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ҷой дода шудаанд. Меҳнати якумраи Бобоҷон Ғафуров дар ин китоб инъикос гардидааст . Китоби «Тоҷикон», воқеан, ифшогари аслу вуҷуди миллати тоҷик аст.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухан ба китоби «Тоҷикон» (нашри тоҷикии соли 1998), аз ҷумла, навиштаанд: «Хонандаи тоҷик тавассути «Тоҷикон» аз мақоми худшиносӣ ба омӯхтани таърихи гузаштаи худ рӯ овард ва ба саволҳои зиёди «Аҷдоди мо киҳо буданд?», Аз куҷо ба зиндагӣ шурӯъ карданд? Чи тавр давлат сохтанду давлатдорӣ карданд? Бо чӣ роҳу дастуре ба арсаи илму адабиёти оламшумул пой гузоштанд? Дар таърихи башарият чӣ мақому поя доранд?» посухи дақиқ ва муфассал ёфтанд». Воқеан ҳам, ин шоҳасар маълумоти фаровонеро дар бар мнгирад ва равзанаи вусъатмандест ба олами пуршебу фарози таърихи ғановатманди халқи бостонгуҳари тоҷик.

 

Шоҳасари «Тоҷикон» аз ду китоб, шаш фасл ва нуҳ боб фароҳам омадааст. Он ба дараҷае пурмуҳтавою фарогир аст, ки дар ситоишаш муҳаққиқони варзида суханҳои баланд гуфта, аз ҷумла, «шиносномаи таърих ва тамаддуни миллати тоҷик» номидаанд. Дар ин китоб ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти халқи тоҷик дар моварои асрҳову замонҳо, ҳам аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоию фарҳангӣ дахл карда шудааст.

 

Солҳои зиёдест, ки мутахассисони тамоми соҳаҳо зимни омӯзишу пажӯҳиш рӯй ба «Тоҷикон» меоваранд, онро бодиққат саҳфа мезананд ва гавҳари мақсуд дастрас мекунанд. Ин китоби пурарзиш барои ҳар як фарди Тоҷикистон сарчашмаи муҳими худомӯзӣ мебошад ва ҳар як хонанда метавонад аз он баҳрабардорӣ намояд, далелу арқоми дилхоҳ ба даст орад, донишашро такмил бубахшад.

 

Китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон, шинохти воқеияти таърихӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон аҳамияти хеле муҳим дорад. Ин шоҳасар моро даъват менамояд, ки аз гузашта сабақ бигирем, биомӯзем, худрову гузаштагони худро нек бишносем, аз оламу одам бохабар бошем. Чунонки мегӯянд, омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани маҷмӯи ҳодисаву воқеаҳои гузашта нест, балки барои он ҳам зарур аст, ки дар ин замина баҳри таъмини имрӯзу фардои шукуфои халқу миллати хеш ҳиссагузор бошем.

 

«Тоҷикон» парда аз рӯи бисёр воқеияти таърихии мансуб ба халқи тоҷик ва халқҳои ҳамсояву ҳампаҳлую ҳамтақдири тоҷикон бардошт ва ҷаҳониёнро бо таърихи асилу воқеии миллати сарбаланди мо ошно сохт. Аллома Бобоҷон Ғафуров оид ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа асарҳо офаридаанд, ки теъдодашон беш аз 400 аст, вале «Тоҷикон» дар меҳвари осори ин шахсияти барҷаставу сарсупурдаи миллат қарор дорад. Он асари безаволу мондагор, асари бунёдист.

 

Амали басо ватандӯстонаву миллатпарастона аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навинашон ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, то китоби «Тоҷикон» бо теъдоди калон чоп карда, дастраси ҳар хонадони аҳли Тоҷикистон гардонда шавад. Акнун ин шоҳасар узви ҳар як хонадони кишвар ва зиёбахши дилу дидаҳо мегардад. Воқеан ҳам, «Тоҷикон» сазовори ҳама гуна арҷгузорист, зеро он, ба таъбири Пешвои миллатамон, «муътабартарин сарчашмаи худогоҳиву худшиносии миллист».

 

Дар олам миллати тоҷик аз миллатҳое маҳсуб меёбад, ки дар таърихи куҳани хеш борҳо ба вартаи фаношавӣ расида, борҳо эҳё шудааст, баъди ҳар шикасту нокомӣ бо нерӯи худодод, бо ҷонфидоиҳои қаҳрамонҳояш ба пойи худ ва гомҳои устувораш ба истиқлолияту ваҳдат ва бақои худ мубориза бурда комёб гаштааст. Саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик пур аз ҳамосаҳост ва ёдовар шудан аз он метавонад боиси баланд гаштани ғурури миллӣ ва афзун шудани ҳисси ватандӯстӣ ва дар рӯҳияи далериву шуҷоатмандӣ тарбия ёфтани насли ҷавон гардад.

 

Ҳар замон бояд аз ҳамосаҳову қаҳрамониҳои гузаштагонамон, ки танҳо баҳри истиқлолияти давлат, ягонагӣ ва ваҳдати мутлақи он, нигоҳ доштани якпорчагии марзу буми он ҷоннисориҳо намудаанд, ба ҷавонон ёдоварӣ намоем, то онҳоро шиносанд ва ифтихор дошта бошанд.

 

“Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем?” –  ин садои пурэҳсоси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланд ба паҳнои кишвар танин андохтааст ва солҳост, ки мардуми бедору огоҳи миллат оид ба посухи ин суолҳо барномарезӣ намуда, аз асарҳои болозикр иттилои комилро барои худ ва фарзандону шогирдони хеш бардоштаанд.

 

Аз ин ҷост, ки дар хронологияи тарбияи ватандӯстии ҷавонон огоҳӣ аз корнамоиҳои қаҳрамонони халқӣ мавқеи хоса дошта бошад. Бояд ҳар як ҷавони тоҷик донад, ки яке аз гузаштагони миллати мо, саиси саккоӣ Шерак дар замони ҷангу истибдоди Дорои III бо тадбире хост зулму шиканҷаро аз сари қавмаш дур намояд ва аскарони бешумори Форсро бо роҳи дуру дарози биёбони беоб гӯё ба маҳв кардани қабилааш роҳнамоӣ карда, бо ин роҳ зарба ба урдуи душман зад, якояки онҳо дар биёбон нобуд шуданд ва ҷони худро баҳри наҷоти миллату кишвараш аз даст дод.

 

Ё Деваштичи ҷасур дар таърихи истиллои Араб падидаи маргборе буд барои урдуи Араб. Шӯриши Муқаннаъ зидди зулму асорати арабҳо дар саҳифаи таърих аз он гувоҳӣ медиҳад, ки гузаштагони мо баҳри истиқлолияти давлат ва пойдории он, баҳри муқаддас нигоҳ доштани кешу мазҳаби хеш ҳамосаҳои беназир бурдаанд.

 

Таърих гувоҳ аст, ки замони лашкаркашиҳои Чингиз ба Мовароуннаҳру Хуросон айёми хунинтарин маҳсуб меёбад, аз дасти урдуи Чингиз миллионҳо нафар кушта шуда, замин саршори хуни мардум гашта буд.

 

Маҳз дар ҳамин давра гузаштагони боғурури миллати мо ба ҳимояи ватану миллат бархеста, бар муқобили душмани ғаддор чун сипар истода, корнамоиҳои бемисл нишон додаанд.

 

Мисолҳои болозикр гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замири мардуми тоҷик меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан аз азал ҷой гирифтааст ва тавассути андешаву ифтихори миллӣ на танҳо забону адабиёту фарҳанги хешро густариш доданд, балки бо асолати тамаддунсозиву бунёдкорӣ ҳастии миллат ва нигоҳдории сарзамини аҷдодии худро таъмин карда тавонистанд.

 

Фарзанди бузурги халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун пайрави содиқи устод Айнӣ дар қарни бистум тавонист саргузашти пуршуҷоат ва рӯзгори пурғановати миллати тоҷикро рӯи дафтар биёрад ва барои эҳёи даҳҳо намунаҳои тамаддуни тоҷикон садоқатмандона хизмат намояд.

 

Орзуи аллома Бобоҷон Ғафуров доир ба эҳёи тамаддуни тоҷикон маҳз дар он сурат ба таври комил амалӣ мегардад, ки мо, ҷавонон, бо омӯхтани таърихи ниёгон ва сабақ пазируфтан аз кору пайкори онон бо дарки худшиносию худогоҳии миллӣ арзишҳои миллиро пос дошта, меҳани азизро гиромӣ дорем ва барои ояндаи боз ҳам дурахшони Ватани аҷдодӣ замина гузорем.

 

Худшиносии миллӣ ва ҳифзи хотиpаи таъpихӣ бояд ба он pавона шавад, ки симои миллат, суннатҳои давлатдоpӣ ва pасмy оинҳои аҷдодӣ ҳаpчи бештаp ташаккул ёбанд.

 

Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва озод эътироф кардааст, мо бояд дар эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ саҳми фаъол бигзорем ва танҳо бо номи миллат ифтихор кунем.

 

Бовар дорем имсол, ки соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатист ва солҳои минбаъда низ мо якҷоя ба хотири рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии давлатамон, таҳкими ваҳдати миллӣ ҷаҳду талош намуда, Тоҷикистони азизамонро дар арсаи олам ба таври сазовор муаррифӣ менамоем.

 

Парвина АБДУЛЛОЕВА,

мутахассиси пешбари шуъбаи таҳрир

ва табъу нашри Академия

Похожие записи