ДОНИШҶӮИ АКАДЕМИЯ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “ДОНИШҶӮИ СОЛ” ГАРДИД

1

Аз 18 то 20 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол” бо иштироки донишҷӯёни 14 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардида, аз ҷониби комиссияи босалоҳият озмун дар сатҳи зарурӣ баргузор ва ғолибон муайян гардиданд.

Донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳовиддин Сайдуллоев дар озмуни мазкур ғолиби ҷои дуюм дониста шуд.

 

25 май дар доираи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Президент, ҷавонон ва илми муосир” ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

 

Мақсад аз баргузории озмун дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони донишҷӯ, муайян намудани донишҷӯи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, забондонӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон, дарёфти донишҷӯи беҳтарин, лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор мебошад.

 

Пайваста доир намудани чунин озмунҳо байни ҷавонон шаҳодат аз он аст, ки дастгириву ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат дар меҳвари асосии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷавобан ба ин ҷавонон низ бо илму дониш, азму иродаи қавӣ дар рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон ҳиссагузор ҳастанд.

 

Бояд тазаккур дод, ки Баҳовиддин Сайдуллоев донишҷӯи курси 3-юми факултети дипломатия ва сиёсат (ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ) буда, аз ҷавонони донишманд, боғайрат ва лаёқатманд маҳсуб меёбад. Дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва корҳои ҷамъиятӣ ширкати фаъол дошта, баҳри фатҳи қуллаҳои баланди дониш саъю кӯшиш дорад.

 

Аз номи ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Академия Баҳовиддин Сайдуллоевро барои ишғоли ҷои дуюм дар озмуни “Донишҷӯи сол” таҳният гуфта, барояш дар касби илму дониш, расидан ба нақшаҳо ва хизмати содиқона ба халқу диёр тавфиқ хоҳонем.

 

Похожие записи