ҶАШНИ РӮЗИ САОДАТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК!

IMG_3630

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ, ПРОФЕССОР ҒАФУРЗОДА АБДУХАЛИЛ ДАВЛАТАЛӢ БАХШИДА БА 24-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТӢ МИЛЛӢ

 

Устодон, кормандон ва магистрантону донишҷӯёни азиз!

 

Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони истиқлолият ва тантанаи бахтовари миллати тоҷик аст, ҳар яки Шуморо самимона таҳният гуфта, баҳратон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат, хонаи обод, комёбиҳои беназир ва ваҳдати ҷовидонаро таманно менамоям.

 

Ин санаи таърихӣ, ки бо суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии Ватани маҳбубамон иртиботи қавӣ дорад, аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, ҳамчун рӯйдоди муҳимму сарнавиштсоз ба хотима ёфтани мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезиҳо, таъмин гардидани сулҳу оромии комил, бунёди давлати демократӣ ва тантанаи адолату ҳақиқат мусоидат намуд. Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд – меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст.

 

Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвари моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо низ шукрона мекунем, ки мардуми соҳибватанем. Ваҳдат асоси пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин кард ва имрӯз ҳам ба зиндагии мардум маънии тоза бахшида, саҳифаҳои нав ба наверо боз намуда истодааст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллии Тоҷикистонро арзиши волою муқаддас, ҳамвазни истиқлолият, заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ ном бурда, таъкид мекунанд: “Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид”.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ чун сарчашмаи таъмини сулҳ, ризоияти миллӣ ва омили сарҷамъии мардум яке аз дастовардҳои муҳимтарини таърихии мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Зеро бо имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, дар китоби сарнавишти миллати куҳанбунёди мо саҳифаи наве боз шуд, ки роҳи ояндаро ба сӯи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд равшан сохт.

 

Имрӯз кишвари азизамон бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат рӯз аз рӯз ободу зебо ва рӯзгори мардум беҳтар гардида, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвари маҳбубамон корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром ҷараён дорад.

 

Сиёсатеро, ки Сарвари давлатамон дар ин ҷода анҷом дода истодаанд, на танҳо байни мардуми Тоҷикистон обрӯву манзалати зиёде пайдо карданд, балки таҷрибаи ӯ дар тамоми дунё ҳамчун як таҷрибаи нодир ва сулҳпарвар ҳисобида шуда, эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кард.

 

Бинобар ин, имрӯз беш аз ҳар вақти дигар мо бояд дарк карда бошем, ки танҳо дар сурати таҳкими ҳамаҷонибаи ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуд меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид мегардад. Бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро устувор карда метавонем.

 

Бо боварии том гуфта метавонем, ки барои арҷгузории ҳамаи ин ғамхориҳои Сарвари давлат аҳли олимон, устодон ва кормандону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо нияти нек, бо донишҳои мукаммали навоваронаи хеш ба халқу ватани азизи худ хизмати софдилона намуда, дар ҷодаи расидан ба ормонҳои давлатдории навини миллӣ ҳиссаи арзишманди худро хоҳанд гузошт.

 

Ҳамзамон, таманнои онро мекунам, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик саодату нусрати нав ва барору комёбиҳои тоза меоварад ва дар ҷодаи рушду ободии Ватани азизамон — Тоҷикистони соҳибистиқол қадамҳои созгор гузошта шавад ва ҷашни пуршукӯҳу бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол бигирем.

 

Бигзор, эҳсоси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз пойдории Ваҳдати миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвари азизамон маскан гирифта, иттиҳоди мардуми мо ҷовидонаву поянда бошад.

 

Ҷашни Рӯзи саодат ва Ваҳдати миллӣ муборак!

Похожие записи