ВАҲДАТ — АСОСИ РУШДУ ПЕШРАФТИ ВАТАН

IMG_4663

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз лиҳози аҳамият ва арзишҳои худ бо эъломияи Истиқлоли давлатӣ дар як радиф ифода ёфтааст. Агар эъломия ба мо бо таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ оварда бошад, пас Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ сулҳу субот ва осоиштагиро дар сарзамини мо муҳайё гардонидааст. Дар он ормонҳои халқи сулҳпарвари мо ифода гашта, дар як мудати кутоҳ бо шарофати сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид.

 

Имзо шудани Созишнома умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба мардуми тоҷик бо осонӣ муяссар гардид. Барои ба имзо расидани ин ҳуҷҷати ҳаётан муҳим халқи тоҷик роҳи ноҳамвореро тай намуда, монеаҳои сангинро аз сар гузаронид.

 

Барои мардуми Тоҷикистон ваҳдат ва сулҳу субот арзиши аз ҳама муҳим ва муқаддас ба ҳисоб меравад. Мо хуб медонем, ки  маҳз дар натиҷаи имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ пойдор гардида, пешравиҳои куллӣ ба амал омаданд.

 

Дар замонин кунунӣ, ки ҳар лаҳза ҷаҳонро хатарҳои сартосарӣ таҳдид мекунанд, ҳар фарди ватандӯсту хештаншиноси тоҷикро мебояд, ки аз ин сулҳу суботе, ки ҳоло дар кишвари мо ҳукумфармост, шукрона кунад ва онро ҳамеша ҳифзу гиромӣ дорад.

 

Фаромуш набояд кард, ки тарғибу талқини ғояҳои худогоҳиву худшиносӣ, ҳиси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, омӯхтани таърихи миллат, ободонию созандагӣ, рушду пешрафт ва амсоли ин маҳз дар пояи ваҳдат амалӣ мегарданд. Хусусан, дар кишвари мо маҳз Ваҳдати миллӣ барои эҳёи давлату миллати тоҷик заминаи гузошт. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчунин шарти асосии рушди боэътимоди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт буда, меҳнати созандаву пурсамар танҳо дар шароити оромии ҷомеа имкон дошта метавонад.

 

Мо, ҷавонон кӯшиш менамоем, ки ин муқаддасотро ба қимати ҷон ҳифз намуда, бо истифода аз неъмати оромӣ ва сулҳу субот дар ободии Ватани маҳбубамон саҳм гузорем.

 

Беҳрӯз БОРОНОВ,

муовини декан оид ба корҳои

тарбиявии факултети дипломатия ва сиёсати Академия

Похожие записи