ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ АКАДЕМИЯ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

Амирҷон

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-42 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 18 майи соли 2021, №-285 18 августи соли 2021 даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии Фарҳанг ва Санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», ҷамъбаст гардид.

 

Дар даври шаҳрии озмун 167 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ аз 4 ноҳияи пойтахт дар 3 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ маҳорат ва малакаи хешро нишон доданд.

 

Пас аз ҳунарнамоии довталабон аз ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур ҳакамон 66 нафар ғолибонро дар наминатсияҳои оҳангсозӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ муайян карданд.

 

Муродов Амирҷон, донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” фаъолона ширкат варзида, аз рӯи номинатсияи сарояндагӣ (жанри эстрадӣ) сазовори ҷои сеюм гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

 

Лозим ба ёдоварист, ки озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Похожие записи