АНҶОМИ КУРСИ ҒАЙРИНАҚШАВИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ “ЗАН-САРВАР”

photo_2021-08-20_15-54-32

Имрӯз, 20 августи соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси ғайринақшавии такмили ихтисос аз рӯи барномаи “Зан-сарвар” барои мудирони шуъба (бахшҳо), сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони бахшҳои кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ анҷом ёфт.

 

Зимни ҷамъбасти курс ноиби якуми ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ Даврон Сафарзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода, муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Қодиров Зоҳир иштирок ва суханронӣ карданд.

 

Ноиби якуми ректори Академияи дар ҷараёни суханрониаш зикр кард, ки курси мазкур бо мақсади такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, ки бевосита бо бонувон кор мебаранд, доир шуда, барои пешбурди фаъолияти минбаъдаи онҳо заминаи устувор хоҳад шуд. Зикр гардид, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳимми ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратӣ ногузир медонад.

 

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.

 

Албатта, чи қадаре, ки занон бодонишу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар ҷамеа бофарҳанг ва фарзандонамон ботарбияву хушахлоқ мегарданд. Воқеан, боиси хушнудист, ки имрӯз мо дар соҳаи хизмати давлатӣ низ шумораи зиёди бонувони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон дорем, ки боиси ифтихору сарфарозианд.

 

Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода ба сухан баромада,  ёдовар шуд, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокишавии зан аҳамияти хоса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд.  Мавсуф бо итминон иброз дошт, ки фаъолияти бонувон дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ басо назаррас буда, шоистаи таҳсин аст. Эътимоди давлату Ҳукумати кишвар ба занон ин қишри ҷомеаро муваффаз менамояд, ки бештар ҷидду ҷаҳд намуда, фаъолиятро пурсамар ба роҳ монанд ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссаи арзишманди худро гузоранд.

Зимнан, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз ташкили мунтазами курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла, барои бонувони кишвар, ҳамзамон камбудиҳои ҷойдошта дар самти кор бо занон ва оиларо ёдрас шуда, ташкили чунин курсҳоро ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо саривақтӣ арзёбӣ намуд. Изҳори боварӣ кард, ки шунавандагони курс донишҳои азбарнамудаашонро минбаъд дар фаъолият истифода менамоянд ва дар ҳамкорию мубодилаи таҷрибаи ҳамдигар дар бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи соҳа ҳиссагузор хоҳанд шуд.

 

Ёдовар мешавем, ки курси зикршуда 6 рӯз идома ёфта, ба шунавандагони курс устодони варзидаи соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дарс гуфтанд.

 

Тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагони курс машғулиятҳо вобаста ба масъалаҳои гендерӣ дар низоми идоракунӣ, кафолату имтиёзҳои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ, нақши занон дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеа: дар асоси сарчашма ва ривоятҳои таърихӣ, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, ормонҳои иҷтимоӣ ва муқовимат бо табъизи хонаводагӣ, нақши занон дар идоракунии давлатӣ ва имиҷи зан-роҳбар доир шуданд.

 

Ҳамзамон, зимни курси мазкур шунавандагон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ, хизматрасониҳои электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, таҳдидҳои иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир ва таъсири он ба фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчии давлатӣ ва амсоли ин иттилоъ гирифтанд.

 

Қабл аз анҷоми курс дар мавзӯи “Баланд бардоштани неруи занон дар хизмати давлатӣ” мизи мудаввар доир гардида, зимни он шунавандагон мубодилаи андеша карданд.

 

Ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома тақдим гашт.

Похожие записи