ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ  — ШУКӮҲИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

IMG_4603

Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Миллати тоҷик дар тӯли таърих ҳамчун миллати тамаддунофар, озодманиш, соҳибнуфузу давлатдор, хирадманд ва шаҳрнишину ободкор ном баровардааст. Таърихи кӯҳан ва ибратбахши мардуми тоҷик, ки реша аз ориёиҳои бостон дорад, аз ватандорӣ, истиқлолхоҳӣ ва бунёди давлатдории миллии тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.

 

Дар ҳар давру замоне, ки тоҷикон соҳибдавлат буданд бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ, идоракунии давлат, бунёди шаҳрҳои бузург, нигоҳ доштани адолати иҷтимоӣ, рӯй овардан ба илму ҳикмат ва фарҳанг дар ҳамзистӣ бо дигар қавму миллатҳо рӯзгори шоиста доштанд ва осори нек боқӣ гузоштаанд. Бозёфтҳои археологӣ ва осори илмию таърихии таърихшиносону тазкиранависон аз замони ҳукмронии давлатҳои Суғду Бохтари қадим, Ҳахоманишинҳо, Кӯшониён, Сосониён ва сулолаҳои тоҷикии асрҳои миёна Тоҳириёну Саффориён, Сомониён ва Ғуриён шаҳодати гуфтаҳои болост. Ҳамчунин миллати тоҷик дар даврони истилогарону ғосибони қавму миллатҳои дигар низ аз худ донишмандиву ободкории сарзамини аждодиашонро нишон дода, ҳамеша боғурури миллӣ ва ҷоннисориҳояшон машҳур гардидаанд.

 

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи худшиносии миллӣ ва бедории миллӣ ба даст омадааст. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳарчанд даст ба дасти ҳамдигар халқҳои гуногун дар ободию бунёди инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фазои сиёсии ягона саҳм мегузоштанд, солҳои охири мавҷудияти ин давлати абарқудрат ба як миллати асосӣ бартарӣ дода мешуд ва манфиатҳои забонию фарҳангии дигар миллатҳо то андозае сарфи назар мегардид, ки ин ҳолат боиси болоравии худшиносии миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ гардид. Марҳилаи наву барҷаста дар раванди истиқлолиятхоҳӣ аз оғози замони “бозсозӣ” шурӯъ гардид. Он заминаи васеи иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дошт. Чунончи, дар радифи ин суханҳо танҳо як мисол меорем, ки дар соҳаи маориф, дар мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ нақши аввал насиби забони русӣ буд. Дар натиҷаи маҳдуд гаштани вазифаҳои забони тоҷикӣ дар байни доираи муайяни тоҷикон, асосан ҷавонони шаҳрӣ нигилизми забонӣ – инкори зарурати донистани забони тоҷикӣ ба амал омад. Дар охири солҳои 80-ум ва аввали 90-уми асри гузашта зарурати тағйири сиёсати забониро дар Тоҷикистон аксарияти аҳолии таҳҷойӣ хуб дарк намуда буд. Ҳатто барои қабули қонун дар бораи забон кӯшишҳо ва амалҳои зиёде ба харҷ дода буданд. Зиёиён ва донишҷӯён соли 1989 талаби қатъии дарҳол қабул кардани қонунеро пеш гузоштанд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатиро насиб донад. Дар мавриди дигар ҳолатҳо ва бӯҳрони шадиди солҳои 80-уми асри XX олимони соҳаҳои гуногун батафсил ибрози андеша кардаанд. Заминаҳо, сабабҳо ва оқибатҳои онро аз ҳар ҷиҳат таҳлилу баррасӣ намудаанд.

 

Дар раванди истиқлолхоҳӣ ва ба даст овардани он гарчанде ба миллатҳои дигари кишварҳои узви собиқ Иттиҳоди Шуравӣ осеби ҷиддие нарасид, аммо мутаассифона, воқеаҳои фоҷиавии аввали солҳои навадуми ҷумҳурӣ ҳамчун саҳифаи сиёҳ ба таърихи халқи тоҷик дохил гардиданд. Ин воқеаҳо дар матбуоти даврӣ, китобу мақолаҳо бо номҳои “ҷанги бародаркуш”, “ҷанги шаҳрвандӣ”, “ҷанги таҳмилӣ” ва ғайраҳо баён ёфтаанд.

 

Ҷанги бавуқӯъомада дар миқёcи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилиҳои иқтисодиро ба амал овард. Аз кор мондани баъзе корхонаҳо, ба фурӯш нарафтани маҳсулот, сари вақт нагирифтани маош, зиёд шудани миқдори шахсони бекор, фақру камбизоатӣ, гурезаҳо ва дигар ҳолатҳо рух доданд.

 

Хушбахтона, дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва дар савганди ёдкардаашон чунин гуфтанд: “Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем”.

 

Ба кишвари сулҳ табдил ёфтани Тоҷикистон заминаҳои хуби гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард. Ба раванди ислоҳоти сиёсӣ зарурати қабули конститутсияи нав, ба расмият даровардани санаду қонунҳои ҷадид, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, сохтори бисёрҳизбӣ дар ҷумҳурӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва кушодани сафоратхонаҳои ҶТ дар ҳудуди давлатҳои ба мо дӯст ва баръакс, ба роҳ мондани сиёсати дохилию хориҷӣ марбут аст. Дар ҳақиқат, ҳар як инсони бовиҷдону оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат чи қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст.

 

Тоҷикистон дар замони истиқлолияти миллӣ бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист пешрафтҳои назарасеро соҳиб гардад, ки дар тӯли ҳафтод соли ҳукуматдории Шӯравӣ ба он соҳиб нагардида буд. Ин пеш аз ҳама дар рӯҳи худшиносиву ватанпарастӣ тарбия ёфтани насли наврас мебошад, ки дар замони шӯроӣ насли нав аз ин неъмат бархӯрдор набуданд. Бояд дар назар дошт, ки ҳар давлату миллат ҳамон вақт ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад, ки соҳиби ҳофизаи таърихӣ ва эҳсоси баланди худшиносӣ дошта бошад. Таҳкими ҳисси худшиносӣ ва дарки ватанпарастиву худогоҳии миллӣ дар ин марҳила боз ҳам дар он зарур аст, ки мо танҳо бо ҳамин дарку шинохт метавонем ватанамонро аз ҳар гуна хатарҳои идеологӣ эмин нигаҳ дорем.

 

Имрӯзҳо Пешвои муаззами миллат дар маърӯзаҳо, аз ҷумла Паёми ҳарсола доир ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳи худшиносии миллӣ суханрониҳо кардаанд. Чунончӣ: “Раванди худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд”. Ҳар як фарзанди босадоқати мамлакат мебояд ин гуфтаҳоро шиори рӯзмарраи худ намуда, нагузорад, то нохалафе ба мақсадҳои ғаразноки худ расад. Зеро комёбиҳои кишвари азизамон бештар ба кӯшишу иродаи устувори мардум, ба вижа ҷавонон, ки аксарияти аҳолиро ташкил медиҳанд, вобаста аст.

 

Ҳамин тариқ, ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кардани сулҳу суботи кишвар, оромию осудагӣ, муқаддасоти миллӣ, арзишҳои фарҳангию таърихӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба шумор рафта, арҷ гузоштан ба Истиқлолияти давлатӣ ва таҳким бахшидани рукнҳои давлатдории миллӣ аз худшиносии миллӣ, бедориву ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсӣ гувоҳӣ медиҳад.

 

Нуралӣ САИДОВ,

 номзади илмҳои филологӣ, дотсент,

мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Академия

Похожие записи