ИСТИҚЛОЛ — САРЧАШМАИ ХУШБАХТИҲО ВА ЗИНДАГИИ ОСОИШТАИ ИНСОНИЯТ

Шавқат

Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва боарзиштарин неъматест, ки ҳар як халқу миллат барои ба даст овардани он бисёр ҷонбозиҳоро аз сар мегузаронад. Имрӯзҳо дар рӯйи ҷаҳон қавму қабилаҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки аҳолияшон ба миллионҳо нафар мерасад, аммо аз ин ганҷи бебаҳо бебаҳраанд. Онҳо доимо дар талоши онанд, ки истиқлол ба даст оранд ва зиндагии орому осудаеро доро бошанд. Чунки сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳои зиндагии инсоният маҳз истиқлолияту ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

 

Истиқлоли давлатӣ орзуи беш аз ҳазорсолаи мардуми тоҷик ба ҳисоб мерафт. Миллати тоҷик замоне истиқлоли худро ба даст овард, ки дигаргунии сиёсӣ дар фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуқӯъ пайваста буд. Яъне Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрда буду ҳар миллат мехост, ки худ мустақилона истиқлоли давлатии худро ба даст орад.

 

Ба гузаштаи дури таърих нигарем, мебинем, ки тоҷикон таърихи бою куҳан доранд. Ҳанӯз дар асрҳои IХ -VII пеш аз мелод давлатҳои Суғду Бохтар, Порту Марғиёна ва Хоразми Бузургро сомон дода, дар рушди тамаддуни башар ҳиссагузорӣ кардаанд. Дар масири таърих борҳо тавассути лашкаркашиҳо ва ҳамлаҳои бераҳмонаи давлатҳои абарқудрати он давраҳо истиқлоли худро аз даст дода, боз бо нангу ори тоҷиконаи худ соҳиби давлату миллат ва шукӯҳу шаҳомати ба худ хос гардидаанд. Ҳамлаҳои Ҳахоманишиҳо, Искандари Мақдунӣ, арабҳо, Салчуқиёну Ғазнавиён, Қарахониёну муғулҳо ва Темуриёну манғитиҳо боиси давра ба давра аз байн рафтани давлатҳои куҳан, сарзаминҳои бобоӣ ва ба сарзамини камзамин табдил ёфтани мулки тоҷикон гардид.

 

Соли 1924 дар натиҷаи тақсимоти миллию марзии Осиёи Миёна Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии Шӯравӣ аввал чун Ҷумҳурии Мухтор ва аз соли 1929 чун Ҷумҳурии Шӯравӣ арзи ҳастӣ кард. Тақсимоте, ки соли 1924 дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад, дар таърих бо номи таърихи табартақсим низ мегӯянд. Яъне баъзе аз корҳо бо роҳи зӯроварӣ ба анҷом мерасиданд. Ин зинаи аввали расидан ба истиқлол баъди сукути давлати Сомониён буд. Лекин ин истиқлоли комил набуд. Ин истиқлоли дар доираи қонунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард.

 

Дар миёнаи солҳои 80-уми асри ХХ ба вуҷуд омадани вазъи буҳрони сиёсӣ эҳсос карда мешуд. Ҳамаи он шартномаҳое, ки ба имзо мерасиданд, кори худро дар муҳлати муайян ба анҷом намерасониданд. Сарварони давлат сохтори давлатдориро хуб идора намекарданд. Он давлати бузурги Шӯравие, ки аз соли 1922 амал мекарду назираш дар дунё набуд, дигар рушд намекард. Ин вазъияти муташанниҷи давлатро дида, аз солҳои 80-ум сар карда, ҷумҳуриҳои назди Балтика, баъдан Кавказ ва Осиёи Миёна кӯшиши аз Иттиҳоди Шӯравӣ баромаданро карданд. Мардуми сарбаланди тоҷик аз солҳои 90-уми асри ХХ сар карда, оид ба истиқлол ва идоракунии давлат тамоми ҷидду ҷаҳди худро равона карданд. 24-уми августи соли 1990 оид ба соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурӣ эъломия қабул карда шуд. Дар моддаи аввалини ин эъломия чунин омадааст, ки: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад”. Дар баробари ин 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар қатори дигар давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ соҳибистиқлол эълон намуд. Баъд аз ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти сиёсии давлатдорӣ муташанниҷ гашт. Ҳизбу созмонҳои нав барои ҳокимияти давлатиро ба даст овардан талошҳо варзиданд. Дар ин солҳои душвортарини давлатдорӣ ҳар созмони алоҳида даъвои сарвариро мекарданд ва байни мардум корҳои ташвиқот мегузарониданд. Шумораи гурӯҳҳои ташкилшуда на кам аз 15 гурӯҳро ташкил мекарданд. Дар аввал, хусусан, клуби сиёсии “Рӯ ба рӯ”, маҳфилҳо ва созмонҳои “Растохез”, “Дирафши Ковиён”, “Ошкоро”, “Эҳёи Хуҷанд”, “Бохтар”, “Суғдиён”, “Пайванд”, “Куруши Кабир”, “Зарафшон”, “Ҳисори Шодмон”, “Меҳри Хатлон” ва ғайра аз гурӯҳҳои фаъолтарин ба ҳисоб мерафтанд.

 

Миллати тоҷик дар он рӯзҳои душвортарин қомати худро рост намуда, бори дигар исботи онро кард, ки мардуми шарафманду зафарманди тоҷик ба ҳар коре, ки пешорўяш меояду мушкилоту монеа ба он ворид месозад ба як сарбаландии хосса аз уҳдаи он баромада метавонад. Яъне ҳамаи ин гурӯҳҳоро бо ҳам дӯсту тиффоқ намуд ва як истиқлолияти баркамолеро бунёд гузошт, ки назираш дар ҷаҳон ангуштшумор аст. Чунки миллати тоҷик ва халқи Тоҷикистон дар як даврае истиқлол ба даст овард, ки баъди он ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ омада буд. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки имрӯз мо мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои беғубори Ватани худ озодона кору фаъолият намуда, зиндагии худро пеш бурда истодаем.

 

Бошарофати Истиқлоли давлатӣ баъд аз ҳазор сол асолату ҳувияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои неки миллии халқи тоҷик эҳё ва пойдор гардид ва мо-тоҷикон дар ин баробар ба рамзҳои давлатии худ –Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, ки нишонаҳои асоси давлати соҳибистиқлолро ташкил медиҳанд ноил гардидем.

 

Миллати мо тавонист, ки дар натиҷаи саъю талоши зиёди зиёиёнаш дар атрофи давлати худ боз ҳам зичтар гардад, пешвоёнашро ба ҳам орад ва онҳоро кафили сулҳу ваҳдат гардонад. Дар ин бобат шоири барҷастаи миллати тоҷик Лоиқи бузургвор дар бораи якдил гардидану ба ҳам омадани ин миллати кӯҳанбунёду сарбаланд ва аз миллатчигӣ ба миллатсозӣ даъват намудани халқи тоҷик хуб гуфтааст:

 

Пас, биё даст ба ҳам додаву паймон созем,

Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем.

Дар ҳарими диламон маъбади имон созем,

На шимолӣ, на ҷанубӣ, яке Инсон созем!

 

Истиқлол барои ҳар халқу миллат сарвати арзишмандест, ки ҳастиву бақои миллат ва сарбаландии ҳар як фарди ҷомеа аз он вобаста мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо истиқлолро муқаддас мешуморем ва барои ҳифзу таҳкими он дар зарфи чоряк асри сипаришуда бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди миллӣ ва масъулият дар назди Ватан саъю талоши ватандӯстона мекунем. Дар марҳилаи кунунии ватансозӣ ва таъмини пойдории Истиқлоли Тоҷикистон аз пештара дида нангу номуси миллӣ ва саҳми ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ заруртар аст.

 

Шавкат ОСТОНАЕВ,

сармутахассиси шуъбаи фарҳанг ва

рушди истеъдодҳои ҷавони Академия

Похожие записи