ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ОМИЛИ МУҲИММИ ТАҚВИЯТ ВА ТАШАККУЛИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ

da584015f5a3a1f7c71b924ae03e7813

Озодӣ ва истиқлол дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлол мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарафу эътибори ҷаҳонии миллат аст.

 

Бояд қайд намуд, ки ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ саҳифаҳои навину дурахшонро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллати тоҷик ифшо намуда, чароғи ҳидояти фардои дурахшони Тоҷикистон гардид.

 

Инчунин, Истиқлоли давлатӣ дар назди миллати фарҳангофари тоҷик масъулияти басо бузург ва дар айни замон пуршарафро ба монанди ҳифзи Истиқлоли давлатию манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳо ва суннатҳои фарҳангӣ, талаботи бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, бегазанд ба насли оянда интиқоли ин рисолати таърихиро тақозо намуд.

 

Дар раванди шаклгирӣ, ташаккулёбӣ ва камолоти ҳар миллату давлат, ҳодисаҳои муайяне рӯх медиҳанд, ки барои пойдорӣ ва бақои давлатдории миллӣ мусоидат менамоянд. Яке аз чунин омилҳои тақдирсози миллӣ, расидан ба истиқлоли сиёсӣ мебошад, ки баландтарин мақомро дар раванди давлатсозии миллӣ соҳиб мебошад.

 

Барои миллати сарбаланди тоҷик ва умуман тоҷикистониён, истиқлоли сиёсӣ, ки бузургтарин дастовард мебошад, дар фароварди асри 20 насиб гардид. Маҳз истиқлоли сиёсии мо, ки нахустин маротиба бо номи миллат ба он соҳиб гардидем, тавонист дар зеҳнияти ҷомеаи Тоҷикистон, хосатан насли ҷавон, шуури миллиро тақвият бахшида, шароити мусоидро барои дарки шинохти тамомияти арзӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу инсониро ташаккул диҳад.

 

Мафҳуми истиқлол ба маънои мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ тафсир гардидааст. Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлол душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳи бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлол ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд.

 

Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандуст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи истиқлоли Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неруву тавон бахшидааст.

 

Бо шаҳодати таърих, тоҷикон борҳо бо душманон ва истилогароне рӯ ба рӯ шудаанд, ки нерумандтарин қудрати замони худ будаанд, вале онҳо бо ҷасорату матонат, фидокории бемислу монанд, зиракию фаросати фитрӣ, тадриҷан ба даст овардани идораи мулк ва оини давлатдорӣ миёни абарқудратони мағлубнопазирро шикастаанд. Дар таърихи афкори сиёсӣ, мутафаккирони зиёдеро метавон қайд намуд, ки дар бораи масъалаи истиқлол ибрози андеша намудаанд.

 

Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлол бо осонӣ ба даст намеоянд. Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи начандон дур барои дастёбӣ ба истиқлол даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва асили худро аз даст додаанд. Вобаста ба масъалаи мазкур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд, ки: “Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд”.

 

Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар арсаи байналхалқӣ низ мавқеъ ва ҷойгоҳи сазовор пайдо намуд.

 

Пас аз ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ, ҷомеаи мо марҳилаи ҳассосу сарнавиштсозро паси сар намуда, ба ҷодаи устувори рушду созандагӣ ворид гардид. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем кишварамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшем. Дар ин давра барои аз бӯҳрони иқтисодӣ раҳоӣ ёфтан барномаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддати иқтисодӣқабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки натиҷаҳои назаррас ба бор оварданд. Эҳёи Шоҳроҳи абрешим аз тариқи ВМКБ ва роҳ кушодан ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, бунёди силсилапулҳо аз болои рӯдхонаи Панҷ миёни Афғонистону Тоҷикистон, нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Шаршар”, “Чормағзак” дар кӯтоҳтарин фурсат ва чандин иншоотҳои муҳимми аҳамияти стратегӣ дошта бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ амалӣ гардид, ки воқеан ҳам дар таърих назир надорад.

 

Моро мебояд ҳар рӯз аз Истиқлоли меҳан ҳарф занем ва онро мустаҳкам намоем ва дар рушду комил гардонидани он бикӯшем.

 

Нуралӣ АБДУЛЛОЕВ,

ассиситенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва

 робита бо ҷомеаи Академия

 

Похожие записи