ИСТИҚЛОЛ — НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА ОРМОНИ ЧАНДИНАСРАИ ТОҶИК

рамзи истиқлол

Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Истиқлоли давлатӣ ҳамчун неъмати бебаҳои таърих насиби мардуми Тоҷикистон гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки мардуми Тоҷикистон дар муддати беш аз 70 сол дар ҳайати империяи абарқудрати Шӯравӣ умр ба сар мебурданд, ки дастовардҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ доштанд, аммо истиқлоли комилро надошт. Дар оғози солҳои 90-уми асри ХХ, аниқтараш 9-уми сентябри соли 1991 баъди пош хӯрдани Ҳокимияти Шӯравӣ Тоҷикистон ҳамчун  давлати соҳибистиқлолу навбунёд дар арсаи байналмилалӣ эълон гардид.

 

Аммо, ин истиқлолияте, ки мо чандин сол интизор будем ба осонӣ ба даст наомад. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон ба дасти гурӯҳҳои мухталифи мансабталош афтода, авзои Тоқикистон мураккаб гардид ва иқтисодиёти кишвар ба дараҷаи нобудӣ расид. Дар пайи ҷангҳои шадиди гурӯҳҳои мухталиф, зиёда аз як миллион мардуми тоҷик гуреза ва ё муҳоҷирони дигар мамлакатҳои ҳамсоя шуданд. Ба мардуми тоҷик дар он солҳо қаҳтию гурӯснагӣ, бекорӣ ва бемориҳои гуногуни марговар пайдо шуда, умеди чандинасраи мардуми инсондӯсти тоҷикро қариб аз байн бурд.

 

Дар баробари ин, моҳҳои май, октябри соли 1992 Тоҷикистонро буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта буд. Воқеан, замоне, ки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар вартаи парокандагӣ қарор дошт, миллат ба роҳбари воқеӣ, боирода, ботадбиру ташаббускор ниёз дошт, ки аз мушкилиҳо наҳаросида, миллатро сарҷамъ намояд, Тоҷикистонро ба кишвари амну босубот, пешрафта ва намунаи давлатдории миллӣ табдил диҳад.

 

Дар чунин вазъи мураккабу шадиди сиёсӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар толори Қасри Арбоб дар наздикии шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод ва барои Истиқлоли воқеӣ замина гузошт. Дар иҷлосия вакилони халқ барои интихоби роҳбарияти нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии шахси ҷасуру ватанпараст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раъйи мусбат дода, сарнавишти ояндаи мамлакатро ба мақсади таъмини сулҳу субот, ободии кишвар, бунёди давлати соҳибистиқлол муайян намуданд.

 

Аммо ба раҳмати худован ба мардуми тоҷик як фарзанди баруманду башардӯст, некбин, раҳмдил, ояндасоз, роҳкушову, роҳсоз ва аз ҳама муҳим пешвои мардуми тоҷикро ато кард.  Дар натиҷа, дар ин Иҷлосияи таърихӣ роҳбари хирадманду боирода ва дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид шуд ва тақдири минбаъдаи таҳкими Истиқлоли Тоҷикистон ва ормонҳои мардуми тоҷик ба номи Пешвои миллат робитаи ногусастанӣ пайдо намуд.

 

Баъд аз анҷоми Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва таҳкими истиқлолу пояҳои давлатдории навини тоҷикон равона намуданд

 

Дар ин марҳилаи ҳассос ва тақдирсоз масъулияти обод кардану ба маҳали зисти доимӣ баргардонидани беш аз 1 млн. фирорию муҳоҷири иҷборӣ, дар шароити идомаи даргириҳои мусаллаҳона ва вазъияти ниҳоят ногувори иқтисодию иҷтимоӣ ба души Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтода буд.

 

Бо ҷаҳду талошҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати  кӯтоҳи таърихӣ сулҳу оромӣ дар саросари кишвар таъмин гардида, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони  кишвар шароити мусоид фароҳам омад. Ҳамагон бояд дарк намоем, ки ҳаракат ба сўйи Ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати пешгирифта ва шиори зиндагӣ барои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб набуд. Зеро танҳо ваҳдату осоиштагӣ метавонад, заминаи асосӣ барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди босуботи ҷомеа гардад.

 

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар давлати соҳибихтиёру мустақил зиндагӣ ва умр ба сар бурдан, хушбахтиву ормонҳои ҳазорҳо мардуми сайёра мебошад. Таърих гувоҳ аст, дар тӯли асрҳои гузашта ҳазорон давлатҳои хурду бузург шикаст хурда, қисме аз онҳо дар таърих ёдовар шуда ва қисме аз онҳоро тамоман ба ёд намеоранд. Ҳамон давлатҳоеро дар таърихи башарият номашон сабт шуда, ба  ёд меоранд, ки аз худ нишоне баҳри ояндаи худ гузоштаанд. Мисоли ин гуфтаҳо давлатдории Куруши Кабир, Дорои Бузург, Хусрави Парвиз, Исмоили Сомонӣ ва қаҳрамониҳои Спитамену Восеъ ва дигарон шуда метавонад. Ин шахсиятҳо дар тӯли фаъолияти худ қаҳрамонию диловарӣ ва мероси илмию фарҳангӣ, адабӣ ва худшиносиро баҳри насли ояндаи худ ба мерос гузоштаанд. Мо мардуми тоҷик аз гузаштагони худ ифтихор намуда, баҳри ободии сарзамини ачдодии худ саъю кӯшиш намуда, рӯз то рӯз онро хурраму ободу зебо мегардонем.

 

Таърихи 30 солаи  Тоҷикистони соҳибистиқлол шоҳид аст, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷомеаро дар иҷрои вазифаҳои бузург раҳнамоӣ кунад ва мардум ҳам бо камоли ирода сарвари худро пайравӣ кунанд. Дар ин марҳила Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари озод, дорои  истиқлоли  комил ва кишвари рӯ ба рушду камол эътироф гардид.

 

Бо боварии комил метавон гуфт, ки бо азму талош ва дили поки мардуми тоҷик, ин неъмати бебаҳои таърих — Истиқлоли сиёсии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд ҳам, ба ҳар як мардуми тоҷику тоҷикистонӣ хушбахтиву ободӣ ва сарбаландиро ато мекунад.

 

Заррина ОДИЛОВА,

ассистенти кафедраи фалсафа

ва илмҳои гуманитарии Академия

Похожие записи