ПАЙРОҲАИ ХУДШИНОСӢ

IMG_7909

Дар ҳаёти халқи тоҷик аз ибтидо ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву ҳифзи арзишҳои миллӣ оини ҳамешагӣ буд. Зеро аз давраи ба табақаҳои иҷтимоӣ ҷудо гардидани ҷомеа ниёгони мо тавонист табақабандии ҷомеа, шаклгирии давлат ва ҳифзи манфиатҳои миллиро дар ниҳоди хеш таҷассум кунанд. Ба ин васила бо муттаҳидию якпорчагӣ зери ниҳодҳои иҷтимоию низомӣ баҳри ҳифзи марзу бум, дину оин ва фарҳанги давлатдории хеш камари ҳиммат баста, баҳри нигоҳдории рисолати истиқлолхоҳию давлатсозӣ ва ҳимояи суннатҳои ватанпарастии ниёгон дар натиҷаи мусолиҳаи миллӣ тӯли садсолаҳо рисолати давлатдории милии худро то асрҳои вопасин пос дошта тавонистанд.

 

Ниёгони мо дар асоси офариниши фалсафаи фарҳанги зардуштӣ зери шиори “Рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек” ҷамъ омада, муборизи некӣ бар бадӣ, даст кашидан аз душманӣ, дурӯғгӯӣ, бадкирдорӣ ва баҳри ҳифозати сарзамини аҷдодӣ ҷоннисорӣ намудаанд. Маҳз ин асолат аҷдодони моро водор намуд, ки зери парчами якдилию якпорчагӣ, баҳри нигоҳдории нангу ори миллӣ бо роҳи мусолиҳа ва муборизаи сулҳҷӯёна манфиатҳои хешро ҳифз намуда, бо фарҳанги волои давлатдорӣ фориғ аз хунрезиву ваҳшоният пойдору устувор боқӣ бимонанд.

 

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар тӯли давлатдориаш нисбати халқҳои ҳамсоя ва ҳамсоякишварҳо теғи разолат накашида, фарҳанги мусолиҳаомезонаро истифода бурдааст. Ҳарчанд империяи Юнону Мақдуниҳо ба сарзамини аҷдодӣ ворид шуда, тӯли 200 сол ҳокимият ронд, Румиҳо беш аз ин мубориза бурда, борҳо сарҳадшиканӣ менамуданд, то ин ки дар бархӯрди манфиатҳо ғолиб оянд. Дар натиҷаи муттаҳидиву таҳаммулпазирии аҷдодон (бохтариёну суғдиён, хоразмиёну фарғониён) ба шикаст дучор омада, суннатҳои давлатдории миллӣ посдор гардиданд. Ин ягонагӣ имкон дод, ки неруҳои фарҳангиву иқтисодӣ барои инкишофи тамаддун ва низоми шикастнопазири давлатдорӣ нигоҳ дошта шаванд.

 

Дар замони ба миён омадани омилҳои парокандагӣ пас аз барҳам хӯрдани давлати бузурги Ҳахоманишиён ворид гардидани фарҳанги эллинӣ парастории бисёрхудоӣ дар замони Юнону Македониҳо, ворид шудани оини насронӣ ва католикӣ аз ҷониби Румиҳо, паҳн шудани дини буддоӣ аз ҷониби Оқонҳои Турк аҷдодони тоҷик баҳри нигоҳ доштани фарҳанги динӣ ва ягонагии суннату оинҳои миллӣ дар замони давлатдории Портиҳо, Сосониён, Кушониён ва Ҳайтолиён муттаҳид гардида, мубориза бурдаанд. Рисолати ботинии ин миллат буд, ки фарҳанги динии бегона аз марзҳо дур карда шуда, ҳар ваҷаб хоки Ватан ҳифз карда мешуд.

 

Дар натиҷаи бархӯрди тамаддунҳо оини зардуштия аз байн рафта, оини ислом марҳилаи волои худопарастиро ба миён овард, ки дар ин сарзамин аҷнабиёни араб ҳокимият ронданд.

 

Зуҳури дини ислом, ки сабаби ташкил ёфтани давлати муттаҳидаи арабҳо дар ҳудуди Осиёи Миёна гардид, пас аз парокандагиҳои марзию сиёсӣ дар тӯли 100 сол ба сарнавишти халқҳои Осиёи Миёна, бахусус тоҷикон такон бахшид. Арабҳо дар зери ливои дини Ислом муқобили мардуми ғайримусалмон ҷангҳои муқаддас эълон карда, бо назардошти қабул кардани оини ислом аз ҷониби мардуми маҳал, ба хотири ҷорӣ кардани мақсадҳои ғаразноки хеш ҳамлаҳои ғоратгарона ва хусусиятҳои иктишофидошта, ишғоли мақсадноки мулкҳо, шидат ёфтани сиёсати мустамликавӣ, муҳоҷирати қабилаҳои фотеҳи араб ба ин сарзамин ва маскан гирифтани онҳо боиси норизогии мардуми маҳал ва муттаҳид гардидани ҳокимони маҳаллӣ гардид. Дар ин замина, муқобилиятҳои шадиди мардуми бумии Хуросону Мовароуннаҳр (тоҷикон) алайҳи рафтори ноадолатонаи арабҳои вопасин оғоз шуда, бо гузашти 200 сол қудрати сиёсӣ ва ҳарбии хилофатро коҳиш дод, ки ин муттаҳидии ҳокимиятҳои маҳаллиро ба миён овард.

 

Миллати тоҷикро дар тӯли ин асрҳо дар руҳияи баланди худшиносиву хештаншиносӣ такя ба неруи шикастнопазири ҷавонону бузургмардон дар муқобили аҷнабиёни араб, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, забон, фарҳанг, ҳунару урфу одатҳои миллӣ, аз хонадонҳои баруманд Бармакиёну Тоҳириён, Саффориёну оли Сомон роҳнамоӣ карда, бо зиракӣ ва равшанандешӣ фарҳанги ҷаҳоншумули давлатдории тоҷиконро барои ҳазорсолаҳои баъдӣ мерос монданд. Ба авҷи баланди фарҳанги давлатдории миллӣ расида, забону фарҳанг ва истиқлоли сиёсии мардуми тоҷикро пас аз 200 соли хомӯшӣ эҳё намуданд.

 

Пас аз давлати бузурги Сомониён ин асолатро хонадонҳои Ғуриён, Сарбадорон ва Куртҳои Ҳирот, ки сирф тоҷикон буданд, дар муқобили турку муғулҳо ба роҳ мондаанд, мутаассифона истодагарӣ карда натавонистанд. Зеро бо гузашти фарзонафарзандони бузург аз ин хонадонҳои бонуфуз пояи мактаби худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи ватандориву арҷгузорӣ ба марзу бум ва асолати миллӣ коста гардида, миллат зери фишори дигар қавму қабоилҳои ба ин сарзамин бегона дучор омаданд.

 

Миллати паҳну парешонгаштаи тоҷик дар тӯли 1000 сол аз ин асолат дур монда, ба вартаи сарсониву фаношавӣ ва парокандагии марзӣ дучор омад. Сарзамине, ки паҳноиаш дар шарқ аз Ҳимолой, дар ғарб то баҳри Миёназамин, дар ҷануб аз халиҷи форс, дар шимол то Сибиру Урал мерасид, зери қавму қабилаҳои бегона, марз – марз тақсим шуд. Тоҷикон бо талошҳои фарзандони некномаш, ки бо неруи зеҳниву сиёсӣ мубориза бурданд, соли 1924-1929 дар як гӯшаи ин мулки паҳновар маскан гирифтанд.

 

Бо гузашти таърих, дар ҷаҳони нави мутамаддин айёми тақдирсоз фаро расид. Дар ин давр мафҳумҳои глобалии давлат, конститутсия, истиқлол, сулҳ, сиёсат, иқтисодиёт, маънавиёт, забон, ахлоқ, дин, ҳуқуқ, таъриху тамаддун, роҳи пешрафти ҳаёт, ҳифзи марз ва муносибатҳои байналхалқӣ рӯи кор омаданд. Тоҷикон гарчанде то замони Шӯравӣ давлатҳои соҳибистиқлоли худро дошт, вале он Тоҷикистон ном надошта, пас аз соҳибистиқлол гардидан дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ин ном муаррифӣ шуда, соҳиби марз ва ҳуқуқи соҳиб гардидан ба манфиатҳои хеш гардид. Пас аз соҳибистиқлолӣ ба мушкилиҳои шадиди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дучор омад. Миллатро парокандагии сиёсӣ, порча -порча тақсим шудани марзи дохилӣ, муҳоҷират, муҳосираи сиёсиву иқтисодӣ ва дигар омилҳои фоҷиабор фаро гирифта наздик буд, ки давлати тоҷиконро аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест кунад ва миллати тоҷикро ба парокандагию вартаи нестшавӣ барад.

 

Аз рӯи хотираи таърих дар ҳар давру замон миллатро фарзандони барӯмандаш дар зери парчами муттаҳидиву якпорчагӣ, пайроҳаи худшиносиву худогоҳӣ зери болҳои парвозаш гирифта, то ба ин сон аз тамоми неруҳои бадсиришт ҳимоя намуд ва рисолаташро дар тамаддуни башар нигоҳ дошт.

 

Дар он замон миллати паҳну парешонгаштаи тоҷикро мисли фарзандони барӯманди ниёгонаш фарди хирадманд, матинирода, ҷасур, боистеъдод, саховатманд, дар ақидааш устувор, ки бо андешаҳои созандаи миллиаш ҷамъ оварад, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолаташро дар назди миллати куҳанбунёдаш ба ҷо оварда, кишвари порча-порча гаштаро ба як мамлакати воҳид, сарзамини ба хун оғӯштаро ба макони ободу осуда, замини бо оби чашми хунолуди модарони азиятдидаву ғамдидаро аз кину ҳасуд пок карда, ба боғҳои ҳамешасабз, макони ҷамъомадҳои сатҳи байналмилалии фарҳангиву сиёсӣ, сайругашти сайёҳон, ҷойгузини сиёсатмадорони ҷаҳон табдил дод.

 

Таърихи 30 соли соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки тоҷикон таърихан, табиатан ва воқеан бунёдкору созанда, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва сулҳпарвар мебошанд. Дар шароити ниҳоят ҳассоси иқтисодиву сиёсии минтақа ва ҷаҳони муосир, манфиатҷӯиҳои кишварҳои абарқудрат, ҳифз кардани амнияти халқ ва давлат, нигоҳ доштани фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, ҳимояи марз, ки дар марҳилаҳои давлатдорӣ муҳимияти худро дошт, барои мо тоҷикон аҳамияти сарнавиштсоз дорад. Миллати тоҷик аз рӯи ишораҳои болозикр хушунату зӯроварӣ ва ҷабру зулми дигаронро ҳаргиз қабул надошт ва барои ҳимояи марзу буми Ватан, ҷонашро фидо мекард. Тоҷикон ҳеҷ гоҳ кишвари худро бо суҳулат таслими дигарон накарда, сухани ҳамешагии аҷдодони мо, ки шиори меросии мост аз меҳанпарастӣ ва пайроҳаи мустаҳками худшиносиву худогоҳӣ ва дар муқобили шамшер гузоштани фарҳанги китобдорӣ, муқаддас доштани китоб ва нигоҳ доштани асолати давлатдории миллӣ аз зумраи худшиносист.

 

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

 

Ин ҳамон шиори ҳамешагии рафтор, гуфтор, кирдори неки ниёгон аст, ки дар нигоҳ доштани пояи устувори истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат, якпорчагии давлату миллат, арҷгузории қувваи некӣ ба аҳриманӣ висол шуда, идомадиҳандаи пайроҳаи худшиносии миллӣ мебошад.

 

Сайёҳ ва воқеанигори чинӣ Сюан-Сзан (тақрибан солҳои 639-645) ба мулкҳои тоҷикон (он вақт Тахористон ном мебурданд) омада ишора мекунад, ки тоҷикон бо назардошти дар ҳолати парокандагии сиёсӣ қарор доранд, дар сурати ҳуҷуми ин ё он қабила муттаҳид шуда, метавонанд дар як вақт то 50 ҳазор сарбоз ҷамъ биёранду муқовимати шадид нишон диҳанд. Мо ҳамон мардуми тавонманду матинирода, дорои заковати сиёсӣ, шикастнопазир ҳастем ва дар замоне умр ба сар мебарем, ки бо иродаи қавии Пешвои миллат, сулҳу ваҳдати пойдор, пояи давлати устувор, марзи кишвар дар оромиш аст.

 

Ҷомеаи имрӯзи мо бо висоли даргириҳо дар фазои марзии кишвар, ки неруҳои бадсиришт бо рашки ҳамсоягӣ ва ҳар воситаву баҳона мехоҳанд, хатарҳо эҷод карда, фазои орому осоиштаи кишвари моро ноором созанд, дар муқобил ба ин неру бори дигар матонат, ҷасорат, якдигарфаҳмӣ, сулҳу ваҳдат, иродаи матин, ҳимояи марзу бумро арзиши олии ватандӯстӣ ва пайроҳаи худшиносии миллӣ собит кард.

 

Шоҳид ҳастем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат чорабинӣ таҳти унвони «Марз-2021» бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, техникаву лавозимоти ҷангӣ бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада, барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон фиристода шуданд. Зеро қувваҳои мусаллаҳ, хизмати ҳарбӣ ва ҳифзи марз мактаби бузурги мардонагӣ, матонат, ҷасорат ва азалияти пойдевори давлатдорист.

 

Ҳадаф на хушунату мубориза, балки ҳифзи марз – марзи Ватан ва риояи пос доштани асолати миллист. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармояд “Муттаҳид бошед, дасти якдигар гиред, дар рӯзҳои шодиву тангдасти паҳлӯи ҳам бошед, Тоҷикистонро дӯст доред, обод кунед ва ба наслҳои оянда мулки обод мерос гузоред!” Мо, ҷавонони неруманд ва миллати созандаву шуҳратманд пайрави аз неруи ҷисмониву зеҳнӣ ва сиёсати сулҳпарваронаи ин марди хирад муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлӯи ҳомиёни ватан саф кашида, сипари боэътимоди марзу буми кишвар шавем, дар оғӯши гарми Ватан – Модар осоишта умр ба сар барем. Зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ғафлат набошем, аз фазои озоду баракати истиқлол лаззат барем. Ҳар куҷое қарор дошта бошем, Ватан хонаи умеди мо ва ҳар як ваҷаб хоки он бароямон муқаддас аст. Хизмат ба Ватан, ҳимояи марзи кишвар, барои наврасону ҷавонон ва ҳар фарди соҳибихтиёру равшанфикр шараф, нангу ори миллӣ ва қарзи шаҳрвандист.

 

 

Иброҳим МАҲМАДОВ,

омӯзгори Академия

Похожие записи