ҶАМЪБАСТИ КУРСИ САЙЁР ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

photo_2021-09-25_14-17-30

Имрӯз, 25-уми сентябри соли 2021 курси сайёри таҷрибаомӯзӣ, ки 23-юми сентябри соли 2021 бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Рӯшон аз рӯзи барномаи “Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоӣ – иқтисодии маҳал” оғоз гардида буд, ҷамъбаст гардид.

 

Дар ҷамбасти курс Сафарзода Муҳаммадсодир — муовини якуми раиси шаҳри Панҷакент, Тоҳирзода Санъат — роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, Ибодова Муқадамой — мудири шуъбаи  ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр, Сафаров Абдухолиқ Зафарович – муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва Носиров Миршароб Сангинович – сардори шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар ҷамъбаст 28 нафар раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Рӯшон баъд аз суҳбат – санҷиш соҳиби гувоҳнома гардидаанд.

 

Бояд гуфт таҷрибаомӯзони курси сайёр дар баробари бозомӯзӣ аз як қатор маконҳои шаҳри Панҷакент, боғи интенсивии ҶДММ “Маърифатпарвари”-и Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, пойгоҳи бостоншиносии “Саразм”, корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Широз”, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ — кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ғайраҳо дидан намуданд.

Похожие записи