“СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ЗАБОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ”

1

Таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

 

Дар қисмати ифтитоҳии конференсия декани факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент Қодирзода Д., вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарофзода Г., муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ф., профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои ҶТ Раҳматуллозода С.Р., мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории АИДНПҶТ н.и.ф., дотсент Додихудоев Р., узви вобастаи Академияи миллии илмҳои ҶТ профессор Назарзода С., директори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва ҷаҳонишавии АИДНПҶТ — д.и.ф., профессор Мухторов З.М., мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, д.и.ф., профессор Шарипова Ф.Х., дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Мирбобоев А. иштирок доштанд.

 

Конференсия бо сухани ифтитоҳии декани факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент Далер Қодирзода, шуруъ гардида, мавсуф меҳмонону иштирокдорони чорабиниро хайрамақдам гуфт. Зимни суханронии худ мавсуф аз нақши забони тоҷикӣ ҳарф зада, аз ҷумла, иброз дошт, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ забони модарии мо ба куллӣ симои худро дигаргун намуда, ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, оҳиста — оҳиста ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муошироти байни халқҳои сокини ҷумҳурӣ мубаддал гардид. Заминаҳои ин пешрафти муҳим пеш аз ҳама бо татбиқи пайваста ва пайгиронаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба забони давлатӣ муҳайё гардид.

 

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Гавҳар Шарофзода суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора баён дошт, ки гуфтаанд: “Забони давлатиро бояд  бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии  бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. Дар робита бо ин, таъкид месозам, ки  инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёрӣ ва таърихии он таъмин кардан мумкин аст…”

Иштирокдорон аз нақшу мақоми забони давлатӣ сухан ронда, аз суханони Сарвари давлат дар хусуси забони давлатӣ ёдовар гаштанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш бори дигар нақши забони модарии моро ҳамчун забони давлатӣ хотирнишон сохта, чунин изҳор доштаанд: “Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд. Ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон чун шири модар муқаддас мебошад”.

 

Дар рафти конференсияи илмӣ устодон ва муҳаққиқони ҷавон низ баромад карда, маърузаҳои пурмуҳтаво ироа карданд.

 

Дар қисмати музокира суолу ҷавоб сурат гирифт.

Похожие записи