“ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: НАЗАРИЯ, АМАЛИЯ ВА ДУРНАМОИ РУШД”

IMG_2884

Таҳти ин унвон имрӯз, 8-уми октябри соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

 

Дар қисмати ифтитоҳи конференсия Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷӯразода Кабирҷон, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич, муовини раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Риозода Нуралӣ Раҳмоналӣ, директори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ, д.и.ф., профессор Мухторов Зайнидин Мухторович, директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, н.и.и., дотсент Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар, сардори шуъбаи магистратура Исматуллозода Фаридун Исматулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Ба конференсия инчунин олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд.

 

Ректори Академияи профессор Ғафурзода А.Д. конференсияро ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили хусусиятҳои раванди ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар сатҳи маҳал аҳамияти хосса дошта, зарурати воқеист. Дар ду даҳсолаи охир як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба мисли Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ”, Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ғайра қабул ва тасдиқ карда шуданд, ки онҳо барои пешрафт ва ташаккули минбаъдаи идоракунии маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар натиҷаи ислоҳот, идоракунии маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо падидаҳои комилан нав чун интихобот, ҳамкориҳои берунаи хориҷӣ, худидоракунӣ, худфаъолиятии ҷамъиятӣ ва падидаҳои дигар такмил ёфта, ба раванди муносибатҳои ҷаҳонишавӣ ворид шуд. Бинобар ин, таҳлили муфассали илмии хусусиятҳои раванди ташаккулёбии низоми нави муносибатҳои сиёсати давлатӣ дар сатҳи маҳал бо назардошти падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Сиёсати маҳаллӣ қисми таркибии сиёсати давлатӣ буда, амалҳои ҳадафноки давлатро дар худ таҷассум менамояд, ки он барои амалӣ шудани фаъолияти мутавозини маҳалҳо ва таъмини рушди самаранокии онҳо равона мегардад.

 

Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷӯразода Кабирҷон баромад намуда, аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуд, ки гуфтаанд: “Рушди деҳот яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодиёти муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои маҳаллӣ ва бо дар назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад”.

 

Дар рафти кори конференсия масъалаҳои заминаҳои таърихии ташаккули худидоракунии маҳаллӣ, муаммои ҳамкории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, назарияҳои асосии худидоракунии маҳаллӣ, таҳқиқи масъалаҳои актуалии идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, такмили салоҳияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, баланд бардоштани самаранокии низоми худидоракунии маҳаллӣ дар марҳилаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон, масъалаҳои ташаккул, ташкили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, моҳият ва принсипҳои фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, масъалаи таносуби такрори функсияҳо дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва таъсири он ба самаранокии фаъолияти мақомот, самтҳои ҷудогонаи асосҳои назариявӣ ва амалии ташаккули низоми худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусиятҳои хосси ташаккул ва такомули худидоракунии маҳаллӣ дар даврони соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи ҷаҳонӣ ва моделҳои гуногунии низоми худидоракунии маҳаллӣ, баъзе масъалаҳои рушди иқтисодии минтақаҳои деҳот дар таъмини босуръати сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.

 

Конференсия дар бахшҳо давоми ду рӯз идома мекунад.

Похожие записи