ҶАВОНОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ

Насиба

Тавре маълум аст, дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст. Чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, неруи муҳимми пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад.

 

Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: “Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд”.

 

Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

 

Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созад.

 

Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон — Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд.

 

Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Агар ба саҳифаи 30-солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба даст омадааст. Хуш он рӯзе, ки баъди рӯзҳои тира дар диёри мо дубора субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шуълаафшон шуд. Мардуми мамлакат ин идро бо масъулияти баланди ватандорӣ бо дастовардҳои бузург ва интизориҳои беандоза пешвоз мегиранд. Дар зарфи 30 соли мустақилият давлати мо чӣ қадар рушду нумуъ ёфтааст. Акнун моро мебояд, ки ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оромию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем.

 

Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мо, ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд.

 

Инчунин бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Маркази миллии тестӣ ба истифода дода шуд ва Роҳбари давлат дар ин маврид таъкид намудаанд, ки “Мо барои тарбияи кадрҳои ояндасози мамлакатамон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида истодаем”.

 

Дар чунин шароит давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷиро ҷавҳари асосии сиёсати худ эълон карда, барои амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда дар ин самт ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.

 

Яке аз муҳимтарин арзишҳои сиёсиву иҷтимоии башарият ин истиқлолият мебошад, ки он ҳамсангу ҳамарзиш бо озодист. Таърихи инсоният пур аз муборизаҳои бардавому фидокорона баҳри озодист. Мардуми тоҷик табиатан истиқлолиятхоҳу озодидӯст аст. Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳимояи марзу буми хеш, яъне барои ҳимояи истиқлолияти худ тоҷикон чӣ гуна ҷоннисориҳо намудаанд. Ташаккули давлату давлатдориро барои расидан ба истиқлолияти воқеии миллӣ тай намуданд.

 

Дар нахустанҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17-уми марти соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ба нақши муҳимми ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳайё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буд: “Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем”. Аз ҳамин маврид оғоз карда, давлату Ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷамъият боварӣ ҳосил намуда, такягоҳи асосии худ шуморид.

 

Насиба ХУДОЙДОДОВА,

магистранти Академия

Похожие записи