ОҒОЗИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР АКАДЕМИЯ

IMG_3037

Имрӯз, 11 октбяри соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки бо қарори комиссияи аттестатсионӣ барои фаро гирифтан ба такмили ихтисос тавсия шуданд ва хизматчиёни давлатие, ки солҳои 2019-2020 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, курси такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.

 

Дар ифтитоҳи расмии курс Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич – директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ғанизода Ибодат Ғанӣ – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода зимни ифтитоҳи курс иброз намуд, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз хизматчиёни давлатӣ масъулияти асосиро ба зимма доранд. Имрӯз хизмати давлатӣ бояд пеш аз ҳама миёни давлат ва ҷомеа нақши ҳалқаи васлкунандаро бозида, барои татбиқи манфиатҳои миллӣ, фаъолияти судманди мақомоти давлатӣ ва боло бурдани имиҷи мақомоти давлатӣ мусоидат намояд. Дар ин ҷода такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ масъалаи муҳим ба шумор меравад. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани савияи дониши хизматчиёни давлатӣ ва тақвият бахшидани саҳми онҳо дар самаранокии идоракунии давлатӣ пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

 

Дар назар аст, ки барои шунавандагони курс тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021), заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Кодекси одоби хизматчии давлатӣ дар рушди хизмати давлатӣ, низоми мақомоти идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо коррупсия, Қонун “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ” ва ғайраҳо маълумот дода шавад.

 

Дар анҷоми курс баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” пешбинӣ гардидааст.

 

Ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома дода мешавад.

Похожие записи