ИЛМУ ТЕХНИКА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Лалбеков

Дар замони муосир илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, азхуд кардани он барои инсон хеле душвор аст. Аммо ҳар фарди бедордил мехоҳад, ки илмҳои замонаро дар сатҳи ҷаҳонӣ азхуд намояд ва онро бо мақсади беҳдошти зиндагии ҷомеа кор барад.

 

Имрӯзҳо барои тақвияти малакаи касбии худ ҳамчунин рақобатпазир будан бояд, ки хамарӯза китобҳои бадеию илмиро мутолиа намуд. Инсон бояд ҳамқадами замон бошад ва илмҳои замонавиро аз худ намояд.

 

Хушбахтона,дар ҷомеаи мо барои азхуд намудани илму дониш шароитҳои хеле хуб фароҳам оварда шудааст. Масалан, истифодаи интернет ва шабакахои иҷтимоии он барои илмомӯзӣ басо кулай аст. Интернет тамоми имкониятҳоро барои илмомӯзӣ фароҳам овардааст. Дар шабакаҳои интернетӣ ба ҳар суол посух хохед ёфт. Олимон ва донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ таҷриба ва дониши худро тавассути шабакаҳои интернетӣ паҳн мекунанд. Барои мо ҷавонон зарур аст, ки аз чунин маводҳо истифода намуда, баҳри баланд бардоштани маҳорати касбии худ истифода намоем.

 

Дар замони муосир ба хар як фарди равшанфикр лозим аст, ки дар давоми зиндагии худ якчанд касбро аз худ намояд. Чунки бо як ихтисос дар замони мутағаййир ва рушди илму техника зиндагии худро пеш бурдан ғайриимкон аст. Афроде ҳам ҳастанд, ки дар ҷараёни зиндагии худ тез-тез ихтисоси худро иваз менамоянд. Чунки онҳо касбро дар давраи наврасӣ ва ҷавонӣ интихоб менамоянд ва шояд баъди гузаштани вакт касби интихобкарда ба талаби замон ҷавобгӯ набошад ва шояд зарурати иваз намудани ихтисос ба миён ояд. Аз ин рӯ, ба хар яки мо зарур аст, ки дар зиндагӣ новобаста аз синну сол ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму дониш ва касбҳои нав бошем.

 

Забономӯзӣ низ яке аз омилхои муҳиме барои илмомӯзӣ мебошад. Бе забономӯзию забондонӣ зиндагиро пеш бурдан номумкин аст. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои давлатӣ, русию англисӣ шарт ва зарур аст. Бузургон мегӯянд: “Забон донӣ, ҷаҳон донӣ!”.

 

Донистани забонҳои хориҷӣ имконият медиҳад, ки бо мардуми ҷаҳон озодона суҳбат намуда, робита барқарор карда, фаъолиятро пеш баранд.

 

Ин аст, ки илм беҳтарин ёвари инсон мебошад. Беҳуда нест, ки бузургони ҷаҳон ҳамеша такя ба илму дониш ва ақлу заковати худ намуда, дигаронро низ ба илмомӯзӣ ҳидоят менамуданд. Донишмандон ва адибони тоҷик аз замонҳои пеш бо дониш ва илми худ маъруф буда, номи худро дар таърих хамчун шахсони бузургу шуҳратёфта боқӣ монданд. Аҷдодони мо бузургоне буданд, ки ҳанӯз ҳам олимон ва донишмандони дунё аз китобҳои онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Барои насли ҷавон зарур аст, ки ба аҷдодон пайравӣ кунанду илму донишро аз худ карда, номи неки онҳоро зинда нигоҳ доранд. Чунки омӯхтани илму техника ва донишҳои муосир инсонро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расонида, ҳаргиз дастнигари касе нахоҳад кард.

 

Мухтор ЛАЛБЕКОВ,

магистранти Академия

Похожие записи