ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ҶАВҲАРИ ИСТИҚЛОЛ

Меҳмонҷуров

Халқи тоҷик дар тӯли таърих ба ҳайси халқи тамаддунофар шинохта шудааст. Яъне мардуми мо тавассути хиради азалии худ тавонистааст, ки дар таърих дар бунёди кишвардориҳои бузург саҳми арзандае гузорад ва мондагории худро дар саҳифаҳои таърихи башар таъмин намояд.

 

Баъд аз ҳазор соли пошхурии нахустдавлати тоҷикон, Сомониён халқи тоҷик бори дигар соҳиби давлати мустақили хеш — Тоҷикистон гардидаанд. Аммо, мутааcсифона баъди ба даст овардани истиқлолият мамлакатро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт. Душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо бо дасисаҳои худ ҳадафи пора — пора кардани Тоҷикистони тозаистиқлолро доштанд. Онҳо бо роҳи зӯрӣ бо истифода аз силоҳ ва ба ин тариқ тарсондану қатлу куштори бераҳмонаи худ фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Дар натиҷа кишварро бенизомиву беқонунӣ фаро гирифт, сохтори ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, беш аз як милион нафар гуреза шуданд, даҳҳо ҳазор кӯдакон ятим ва модарону занон бесаробон монданд.

 

Дар ин давра таърих шахсеро ба олами сиёсат ворид кард, ки ин хатарро аз миллат дур созаду мухолифинро барои ҳамкорӣ баҳри сулҳу оштии миллӣ даъват намояд. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гуфтушунидҳои тӯлонӣ 27 июни соли 1997 “Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид, ки дар таърихи навини Тоҷикистон бо номи “Ваҳдати миллӣ” машҳур аст. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шаҳодати пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангдӯсти тоҷик мебошад, ки сиёсати пешгирифаи давлатро дар он рӯзҳои душвор самимонаву дилгармона дастгирӣ намуданд. Дар ин раванд бояд хотирнишон сохт, ки миллати тоҷик аз азал бо сулҳу салоҳ, иттиҳоду ягонагӣ ва муросову мадоро мушкилоти сиёсиву иҷтимоии худро ҳал намудааст ва музокироту созишро чун роҳи ягонаи расидан ба сулҳ ва наҷоти миллӣ пазируфтааст. Дар ҷараёни музокироти қариб чорсола мо хуб дарк намудем, ки ҷанги бародаркуш ғолибу мағлуб надорад ва идомаи он ба парокандагии миллат ва аз байн рафтани давлату давлатдорӣ сабаб мегардад. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва бӯҳрони миллӣ эътироф гардидани таҷрибаи сулҳофарии  тоҷикон далели возеҳи ин матлаб мебошад, ки эътибори моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ  боло бардоштааст. Албатта бо талошҳои бевоситаи Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дасгирии мардуми сулҳпарвари тоҷик мо ба ин дастоварди беназир, яъне Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот расидем. Ҷорҷ Буш, собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфта буд: “Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар  кишвар барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшуморанд”.  Ба қавли собиқ Муншии Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан: “Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд”.

 

Қайд кардан ба маврид аст, ки гулгулшукуфоии мамлакат, пешрафту тараққиёти минбаъдаи он ва ҳатто пойдор боқӣ мондани Истиқлолияти миллӣ аз ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Ваҳдат ва якдилии халқ — бақои миллату давлати мост”. Яъне давлат ҳамон лаҳза пойдор ва соҳибихтиёрии он ҷовидон мемонад, ки мардуми он иттиҳоду сарҷамъ бошад. Вақте ки миллат иттиҳод аст, гарчанде шумораи мардум кам ҳам бошад, ҳатто абарқудратҳо наметавонанд ин миллат ё халқро пароканда намояд.

 

Ба ақидаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад. Дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”. Он дарахте, ки Президенти кишвар ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисеёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем.

 

Барои пойдор мондани Ваҳдати миллӣ, ки ҷавҳари истиқлол ҳасту пояи истиқлолро мустаҳкам менамояд, бояд дар паҳлуи якдигар бошему Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳар шароит дастгирӣ намоем. Он вақт давлати мо пойдор мемонаду пешрафту гулгулшукуфо мешавад.

 

Аъзам МЕҲМОНҶУРОВ,

магистранти Академия

 

Похожие записи